Тамоку-душмани мост!

Май 30, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку   нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, нишаст бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ доир карда шуд. Мақсади асосии нишаст — пешгирии  вусъатёбии  одати тамокукашӣ ва зарурати ҷорӣ намудани чораҳои зарурӣ дар мубориза бо ин «вабо» буд.

Намояндаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саидҷон Давлатов зикр намуд, ки вазорат дар самти мубориза бо истеъмоли тамоку  корҳои зиёд  анҷом медиҳад. «Аз ҷумла, лоиҳаи санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ- Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав  ба Ҳукумати  ҶТ пешниҳод гардид. Дар ҳоли ҳозир он дар зинаи охирини мувофиқасозӣ қарор дорад».

Дар тамоми олам истеъмоли тамоку ба саломатии инсон хатари зиёд мерасонад. Ин омил ҳамасола сабабгори марги қариб 6 миллион нафар одамон мегардад. Дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истеъмоли тамоку тақрибан як нафар ба ҳалокат мерасад. Беш аз нисфи истеъмолкунандагони тамоку дар шароити ҳозира аз бемориҳое мефавтанд, ки пайдоишашон ба тамокукашӣ алоқаманд аст.

Дар асоси тадқиқоти баҳодиҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд. Аз ин шумора 78 % мардон, 10 % занон буда, 12 %-ро наврасон ташкил медиҳанд. Дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос хеле маъмул аст. «Кормандони  вазорат дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи тандурустии Россия таркиби носро ташхис намуда, дар он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок дарёфт намуданд»,-баён дошт С. Давлатов.

Бино ба гуфтаи намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Игор Паканевич,  Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳ гардид. «Бояд таъкид намуд, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки наздиконаш низ таъсир хоҳад расонид. Бинобар ин бояд дар ин самт корҳои назаррасро ба роҳ монд»,-илова намуд намояндаи  ТУТ.

Раиси  Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Обидов зикр намуд, ки нишасти имрӯза ба Рӯзи  умумиҷаҳонии бидуни тамоку бахшида мешавад. «Дар  Тоҷикистон  маҳдуд намудани маҳсулоти тамокудор тибқи қонун ба танзим дароварда мешавад.  Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.  Ин Конвенсия  зарурияти  мубориза бар зидди тамокуро  дар  сатҳи  умумидавлатӣ  тақозо мекунад.  Таҳия ва тасдиқи чорабиниҳои  вобаста ба татбиқи қонун оид ба мубориза бар зидди тамоку, ба ҷомеа фаҳмонидани зарари тамоку, зиёд намудани андоз барои тамоку ва маҳсулоти тамоку, манъ кардани фурўши тамоку ба шаҳрвандони то 18-сола, инчунин фурӯши чаканаи тамоку дар муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, манъ кардани тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои вайронкунандагон тартиб додани санади ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷарима намудани онҳо бояд ҷорӣ гардад. Лоиҳаи нави қонун айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад»,-илова намуд Илҳом Абидов.

Бино ба маълумоти табибон, дар  синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ гардад. Он дар одамони миёнсол метавонад сабаби зиёдшавии дараҷаи бемориҳои дилу рагҳо, дар давраҳои нисбатан баъдтари ҳаёт — бемориҳои саратонӣ (махсусан саратони шуш), инчунин омили зиёдшавии дараҷаи фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гардад.

DSC_0002 DSC_0060+

 

Май 30, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид