Тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм саҳми бузург гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 05.05.2017/АМИТ «Ховар»/. 300 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок намуда, дар Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои фашизм саҳми бузург гузоштаанд,- зикр шуд дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Саҳми тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ» доир гардид.
Конфронс дар арафаи ҷашни 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» баргузор гардида, дар он собиқадорони ин ҷанг, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихшиносон, олимон ва намояндагони бархе аз сохторҳои қудратии кишвар ширкат намуданд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар конфронс зикр кард, ки саҳми тоҷикистониён дар пирӯзӣ бар фашизм хеле бузург аст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардуми тоҷик таҳти шиори «Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба» кору зиндагӣ намуда, дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми беназир гузоштаанд.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон доир ба сабабу оқибатҳои ҶДҶ, вазъияти ҳарбию сиёсии ҷаҳон дар солҳои ҶДҶ, мардонагию қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик дар таъмини ғалаба бар зидди фашизм табодули назар намуданд.
Зикр шуд, ки саҳми тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар ҶДҶ ҳам дар набардҳо ва ҳам ақибгоҳ бузург мебошад. Аз 300 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди фашизм дар ҶДҶ иштирок намуданд, 92 ҳазор нафар аз ҷанг барнагаштанд. Тоҷикистониён дар муборизаҳои ҶДҶ дар радифи халқу миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, беш аз 56 ҳазор ҳамватанони мо ба гирифтани ордену медалҳо, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардиданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаи таърихи башарият ҳамчун ҷанги пурдаҳшат сабт гардидааст, зеро ҷуғрофияи набардҳояш бузург ва фоҷеабортарин буда, дар он 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногун ба майдони набардҳо сафарбар гардида буданд. Дар ин ҷанг дар паи ба харобазор табдил додани садҳо деҳаю шаҳрҳо, инчунин 50 миллион нафар қурбон гардиданд, ки ин дар таърихи башарӣ талафоти бузургтарин аст.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






