Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ савганд ёд кард

Май 18, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Узви тозаинтихоби палатаи болоии  Парлумони Тоҷикистон  Зафар Файзуллозода 18 май дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ барои  садоқат ба Ватан  савганд ёд карда, узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Бояд зикр кард, ки мавсуф дар интихоботи миёнадаврии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҳавзаи интихоботии  вилояти Хатлон №3, ки 23 апрели соли равон доир гардид,  бо  гирифтани 98,5 % -и овозҳо  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ аз рӯи ихтисос муҳандис- механик буда, раиси ноҳияи Қубодиён аст.

 

 

Май 18, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид