Вазъи қурби асъор барои имрӯз
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 10 май, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.4998 сомонӣ, 1 евро = 9.3081 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1489 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомонӣ, 1 евро аз 9.5000 то 9.77000 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1510 мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».