Воридоти пинҳонии 11 намуди мол зери мафҳуми «ванна»

Май 30, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 290 ХЕ 01 бо ядакаш 02 64 АА 07 боздошт шуда, ба дидбонгоҳи гумрукии «Терминал» — и шаҳри Душанбе ворид ва мавриди муоинаи гумрукӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии нақлиёти мазкур маълум гардид, ки дар бордони он ванна набуда, балки дигар намудҳои молҳои ниёзи мардум, аз қабили насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти электрикӣ, куртаҳои мардона, этикеткаҳои полиэтиленӣ, пойпӯшҳои кӯдакона, қандилҳо, бастаҳои тунука, бастаҳои сим, қисмҳои эҳтиётии яхдон, ки ҷамъи вазни умумии онҳо 42 ҳазору 530 килограммро ташкил медиҳад, муайян ва ошкор карда шуд. Ин молҳо дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол дарҷ нагардидаанд ва дар вақти муоинаи гумрукӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотии мол аз тарафи масъулини ҷамъият пешниҳод нагардид.

Хадамоти гумрук. Воридоти пинҳонии 11 намуди молМасъулини ҶДММ «Нақлиёт — Дастрас» тибқи нақшаи ҷиноятии пешакӣ тарҳрезишудаи худ бо намояндагони ширкати «Mall Street International Treding Co LTD» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин тибқи декларатсияи транзитии дохилӣ ва нархномаи молиявии бе рақам бо сабти як номгӯй моли ванна ба миқдори 255 ҷой, бо вазни 23 ҳазор килограмм ва ба маблағи 25 ҳазору 200 доллари ИМА тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Кулма» — и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳи фиреб ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамоянд.

Мувофиқи мактуби шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши гумрукии молҳои ба ҶДММ «Нақлиёт — Дастрас» тааллуқдошта 79 ҳазору 394 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шахсони қонуншикан бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии моддаҳои 140, 143, 146 ва 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 

Май 30, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид