11 июн-Рӯзи кормандони саноати сабук: Тоҷикистон дар роҳи рушди саноати сабук қадамҳои устувор мегузорад

Июнь 11, 2017 08:03

ДУШАНБЕ, 11.06.2017./АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн саноатчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки соли  равон он ба 11 июн рост  меояд.    Бояд тазаккур дод, ки саноати сабук  яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёти ҳар як кишвар маҳсуб ёфта, соҳаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чармгарӣ, пойафзолдӯзӣ,  инчунин истеҳсоли чармҳои сунъӣ ва дигар наху матоъҳои сунъиро дар бар мегирад.

 Сардори  Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бақо Ҳотамов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи саноати сабуки кишвар рушд карда, имрӯз дар Тоҷикистон  беш аз 300 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ фаъолияти густурда доранд, ки нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, дар онҳо беш аз 13 ҳазор  коргарону мутахассисон ба кор фаро гирифта шудаанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон корхонаҳои азими саноати  сабук,  назири  корхонаи ресандагии «Олим текстайл», «Спитамен текстайл», «Нассоҷи Хуҷанд», «Файзи истиқлол», «ХИМА текстил»,  «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Ваҳдат», корхонаи пойафзолбарории «Пойафзоли чармӣ» ва ғайра  сохта ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа имкониятҳои зиёд ба вуҷуд омада,  иқтидорҳои коркарди нахи пахта ва ашёи хоми маҳаллӣ афзун гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис  ёфтанд.

Санъати  қолинбофӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст

      Ҳамзамон бо дастгирии  бевоситаи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, хусусан дастуру супоришҳои Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои  соҳибистиқлолӣ санъати  қолинбофии дастӣ ва дар маҷмӯъ саноати қолинбофӣ дар ҷумҳурӣ рушд карда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар ин давра дар радифи рушди соҳаҳои саноати сабук бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии  молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот  ва ба содирот нигаронидашуда якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд.  Аз ҷумла, ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ дар кишвар ҳамаи он маводу ашёҳо, ки барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ зарур аст,  аз боҷҳои гумрукӣ озод гардиданд. Инчунин барои воридоти маҳсулоти қолинӣ  аз хориҷа ба ҷумҳурӣ аз 15 то 30 фоизи боҷҳои воридотӣ баланд бардошта шуданд.

колинбоф

Атласу адрасбофӣ  дар Суғд густариш меёбад

         Масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ»  бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар алҳол беш аз  490  марказҳои таълимии истеҳсолӣ, ки дар онҳо зиёда аз 11 ҳазор занону духтарони  маҳаллӣ ҷалб гардидаанд, таъсис дода шудаанд. Беш аз 199 марказҳои   таълимӣ -истеҳсолӣ танҳо барои истеҳсоли атласу адраси дастбоф махсусгардонида шудаанд, ки  159 адади онҳо дар вилояти Суғд фаъолият доранд.

Ҳамзамон бо мақсади таъмини хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ дар  зарфи солҳои охир дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.  Соли  2016  аз ҷониби корхонаҳои саноати сабук дар кишвар  703 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2015 –ум 262 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар зарфи чор моҳи соли 2017 суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук  дар ҷумҳурӣ 177 фоизро ташкил дод.

атласбоф

Бархе аз корхонаҳо новобаста ба буҳрони молиявӣ дар се баст  фаъолият доранд

           Ба  андешаи Бақо Ҳотамов, беш аз даҳ корхонаи саноати сабуки Тоҷистон новобаста аз таъсири буҳрони молиявӣ  дар се баст фаъолияти истеҳсолӣ  доранд. Аз ҷумла, корхонаҳои «Нассоҷии Тоҷик», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Ҷавонӣ», корхонаи ҷӯроббарорию  рангкунии «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон»  аз ҳамин қабиланд. Бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  соли 2016 марҳиллаи аввали маҷмааи азими нассоҷӣ — Ҷамъияти саҳҳомии  пӯшидаи «Ҷунтай –Данғара Син-Силу Текстил», ки дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад,  дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Алҳол сохтмони марҳилаи  дуюми ин маҷмааи бузурги нассоҷӣ  идома дошта, интизор меравад, ки охири соли 2017 ё аввали  соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.  Инчунин ояндаи наздик дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Корхонаи саноатии «Сомон –чарм» ба истифодадиҳии корхонаи саноатӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, дар назар аст.

Ҷӯробҳои хушсифати Тоҷикистон ба Россия содирот мегардад

     Сардори Раёсати саноати сабуки  Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар соҳаи саноати сабук беш аз 10 намуди маҳсулот, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ истеҳсол мешаванд,  ба  хориҷи кишвар содирот мегарданд. Инҳо нахи пахта, матоъҳои пахтагин, калобаҳои пахтагин, либосҳо, қолин ва ҷӯроб мебошанд. Корхонаи ҷуроббарории «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон  дар баробари  таъмини бозори дохилии кишвар бо ҷӯробҳои гуногуни хушсифат, инчунин маҳсулоти  худро ба Россия содирот менамояд. Ҳамзамон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар  пилла, пасмонадҳои пила ва риштаи абрешим содирот мегардад.

атлас колин

Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриарӣ табдил дода мешавад

      Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  кишвар дар масъалаи  аз кишвари аграрӣ — индустриарӣ  ба кишвари индустриалӣ –аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шуда, ҳар сол дар соҳаи саноати сабук ҳазорҳо ҷоҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Бақо Ҳотамов мегӯяд, ки танҳо  дар соли 2016 дар 39 корхонаю коргоҳҳои кишвар 1900  ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд, ки он барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии  ҷомеа мусоидат менамояд.  Мавсуф афзуд, ки саноачиёни тоҷик бо  дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он вазифаҳоеро, ки дар наздашон гузошта шудаанд, бо сарбаландӣ иҷро намуда, бо меҳнати софдилона ва умед ба фардои дурахшони сарзаминамон Тоҷикистон   барои рушди соҳаи саноати сабук саҳми босазо мегузоранд.

 

                                                          Марзия САИДЗОДА

Июнь 11, 2017 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард