23 июн-Рӯзи байналмилалии олимпӣ: дастпарварони варзиши Тоҷикистон низ дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби медал гардидаанд

Июнь 23, 2017 08:07

ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми дунё 23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ (International Olympic Day) таҷлил мегардад.

Инсоният дар тўли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ, илмиву иҷтимоӣ ва варзишӣ муваффақ шудааст, ки онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саломатӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Дар Рӯзи байналмилалии олимпӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев тасмим гирифт, ки ба саҳифаҳои таърихи ин Бозиҳо назар андозад.

Таърихи Бозиҳои олимпӣ

Асосгузори Рӯзи байналмилалии олимпӣ шаҳрванди Франсия Барон Пер де Кубертен ёд мешавад, ки  23 июни соли 1894 дар конгресси байналмилалии  варзишгарон дар Париж дар маърӯзаи таърихии худ дар бораи таъсиси Бозиҳои олимпӣ бо пешниҳоди шарт, қоида ва Низомнома суханронӣ намудааст  ва онро намояндагони давлатҳои дигари ҷаҳон дастгирӣ кардаанд. Дар ҳамин конгресс Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) таъсис ёфт ва баргузории аввалин Бозиҳои олимпӣ дар соли 1896 дар Юнон муқаррар шуд.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби намудҳои варзиши олимпӣ ва ақидаҳои он Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар иҷлосияи  41-уми худ соли 1947 масъалаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпиро мавриди баррасӣ қарор дод ва соле баъд (1948) дар иҷлосияи 42-юми КБО расман онро тасдиқ кард. Аз ҳамон сол инҷониб 23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад ва  дар кишварҳои дунё  мусобиқаҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Дар аввалин Бозиҳои олимпӣ (1896)  241 варзишгар аз 14 давлати ҷаҳон аз рӯи 9 намуди варзиш бо ҳам мусобиқа оростанд. Баъди сад сол, дар Олимпиадаи Юнон-2004 шумораи варзишгарон ба 15 000 ва кишварҳои иштирокдор ба 202 давлат  баробар шуд. Варзишгарон аз рӯи 28 намуди варзиш дар мусобиқаҳо ширкат карданд.

Бозиҳои олимпӣ дар чор сол як бор гузаронида мешаванд. Танҳо  Бозиҳои олипии  VI (1906), XI (1940) ва  XIII (1944) аз сабаби ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ баргузор нашудаанд. Аз соли 1924 сар карда Бозиҳои зимистонаи олимпӣ низ гузаронида мешаванд.

Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон

Аввалин ширкатдори Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон вар­­зишгар – қаиқрон Иброҳим Ҳасанов (соли 1960, дар Бозиҳои олимпии XVII шаҳри Руми Итолиё) номбар  мешавад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозиҳои олимпии XX Мюнҳен (1972) оид ба қаиқронӣ ғолиб омад. Зебуниссо Рустамова дар Бозиҳои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонварӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои олимпии XXII Москва (1980) Анатолий Старостин  дар намуди панҷҳарбаи муосир соҳиби ду медали тилло (дар ҳай­ати даста ва шахсӣ) ва Юрий Лобанов соҳиби медали биринҷӣ гаштаанд. Соли 1992 варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпии Барселонаи Испания шуд. Ин  комёбиҳо таҳти парчами дастаи мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  ба даст оварда шудаанд.

Иброхим ХасановЮрий ЛобановЗебунисо РустамоваНелли Ким

Варзишгарони зеррин ба қатори соҳибони медалҳои олимпӣ аз  Тоҷикистон  муаррифӣ мешаванд:

Чемпионҳои Олимпӣ ва ҷоизадорон аз Тоҷикистон

Варзишгар Тилло Нуқра биринҷӣ
1 Ким Нелли
гимнастикаи мавзун
шаҳраки Шӯроб      5      1      0
2 Старостин Анатолий
панҷҳарбаи муосир
ш. Душанбе      2      1      0
3 Собченко Вячеслав
Тӯббозӣ дар об
ш. Душанбе      2      0      0
4 Бароев Хасан
Гӯтини юнону румӣ
ш. Душанбе      1      1      0
5 Кравченко Валерий
Волейбол
Ноҳияи Қубодиён      1      0      1
Лобанов Юрий
Қаиқронӣ
ш. Душанбе      1      0      1
7 Мовчан Валерий
Велосипедронӣ
Красное Сордорово, ш. Хуҷанд     1      0      0
Чередник Алексей
Футбол
ш. Душанбе      1      0      0
Шарипов Рустам
Гимнастикаи варзишӣ
ш. Душанбе      1      0      0
10 Малахбеков Раимқул
Бокс
ш. Душанбе      0      1      1
Никулин Сергей
Футбол
ш. Душанбе      0      0      1
Рустамова Зебуниссо
Камонварӣ
ш. Душанбе      0      0      1

Баъди ба даст овардани Истиқлолият роҳбарияти  Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳам ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дод ва  ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Варзишгарони мо акнун мустақилона дар Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.

Дар ин солҳо дар Бозиҳои олимпии XXIX Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов оид ба гӯш­тини тарзи озод ҷойи 2-юм, Расул Боқиев оид ба гӯштини дзюдо ҷойи 3-юм ва муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон (2012) соҳиби ме­дал­и бирин­ҷӣ гардиданд.

Юсуф АбдусаломовРасул бокиевМавзуна Чориева-0

Дилшод Назаров бо медальОлимпиадаи соли 2016 дар  китоби таърихи варзиши Тоҷикистон   бо хатҳои заррин сабт гардид. Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимии Рио-де Жанейро дар Бразилия медали тиллоро ба даст овард ва Тоҷикистонро дар миёни 206 давлати ҷаҳон ба зинаи 54-ум баровард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI  тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ дар Қасри миллат худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуданд.

Дилшод

 

Бозиҳои олимпӣ идома доранд. Умед аст, ки ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат боз даҳҳо чемпионҳои олимпиро аз кишвари маҳбубамон ба воя мерасонанд.

Июнь 23, 2017 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг ба финали мусобиқа роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Саҳифаи наве дар таърихи варзиши Тоҷикистон
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Cитораҳои ҷудои дунё Тедди Ринер ва Шоҳей Оно ба Тоҷикистон омаданд
Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд
Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид