5 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист: ба насли оянда муҳити поку беолоиш ба мерос гузорем!

Июнь 5, 2017 08:10

ХОРУҒ, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  зиёда аз 40 фоизи ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода,  дорои кӯлҳои зебову  пиряхҳои азим,  олами  ҳайвоноту  набототи нодир ва  манзараҳои тамошобобу  захираҳои  бузурги  обӣ мебошад. Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша талош мекунанд, ки ба ин табиати зебои  кишвар газанд нарасад. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъомад доир намуда, пешрафту камбудиҳои фаъолияташонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин рӯз онҳо кӯшиш мекунанд, ки   таваҷҷуҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба масоили муҳити атроф ва беҳдошти он бештар ҷалб кунанд.

Мулкамон Назаралиев, Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ.. Ба насли оянда муҳити поку беолоишро ба мерсо гузоремЗимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ    Мулкамон Назаралиев дар робита ба ин масъала гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист  5 июни соли 1972  аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид    эълон гардид.  Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  узви комилҳуқуқи  Созмони Милали Муттаҳид мебошад,  аз рӯзҳои нахустини  соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист  диққати ҳамаҷониба  медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди табиати нотакрори Тоҷикистон ва ҳифзу нигаҳдории он   чунин зикр намудаанд: «Мо бояд аз имрӯз сар карда пойдевори зиндагии ояндаро гузорем, фикри насли ояндаро кунем, ба фарзандону наберагони худ табиати бой, обу замини ҳосилхез, муҳити поку беолоиш ба мерос гузорем. Мо бояд заминро эҳтиёт кунем, захираҳои обро ҳифз намоем, табиатро аз харобшавӣ нигоҳ дорем, файзу баракати сарзамини аҷдодиро дучанду сечанд афзун гардонем».

Ба андешаи Мулкамон Назаралиев, кормандони Раёсати  ҳифзи муҳити зисти ВМКБ  ин суханонро  сармашқи  фаъолияти  ҳаррӯзаи худ  қарор дода,  барои тозаву  бегазанд нигоҳ доштани  табиати нотакрори диёр  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Яке аз самтҳои асосии фаъолияти  кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист- ин мусоидати бештар  дар татбиқи  барномаи  Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  мебошад, ки бо ибтикор пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки ВМКБ  дорои  захираҳои  бузурги об мебошад ва  аз баракаташон  тамоми сокинони   Осиёи Марказӣ  баҳра мебаранд.  Танҳо як кӯли Сарез  дорои 17 миллиард метри мукааб  оби ошомиданӣ  буда,  қодир аст дар оянда  ташнагии чандин ҳазор  истеъмолкунандагони обро  на танҳо дар Тоҷикистон, балки  берун аз он ҳам  шиканад. Чунин нақшаву ниятҳо вуҷуд доранд ва   дар ояндаи наздик бо дастгирии  ҷомеаи ҷаҳонӣ  амалӣ гаштани ин ниятҳо  имконпазир хоҳад гашт.

«Захираи дигари  оби ошомиданӣ- ин кӯли Зоркӯл  аст, ки  дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр-  дар Помири Шарқӣ,  дар  сарҳади байни  Тоҷикистону Афғонистон  ҷойгир аст.  Дарёи Вахон  аз он сарчашма мегирад ва обашро  то дарёи Панҷ, ки дар поёноб бо номи   Ому маъруф аст, мерасонад.  Ин кӯли зебо  ба ғайр аз  захираи фаровони  оби пок, ҳамчунин   дорои  захираи  калони  моҳӣ низ мебошад.  Ҳатто аз поёноби Панҷ ҳам  дар баҳору тобистон  моҳиён  барои тухмгузорӣ  ба  ин макон  ҳиҷрат менамоянд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба насли оянда муҳити поку беолоишро ба мерсо гузорем (1)

 

Яшилкӯл низ  яке аз дигар  захираҳои  калони  оби ошомидании Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта,  дар ноҳияи Мурғоб воқеъ гардидааст.  Дарозии умумии он  26 километр буда,  ягона  захираи табии  об аст, ки  дар хоҷагии халқи  ВМКБ, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ дар фасли зимистон аз он  босамар  истифода мебаранд.  Одатан ҳаҷми оби дарёи Ғунд дар фасли сармо коҳиш меёбад ва аз ин рӯ бо мақсади ба гардиш даровардани чархҳои  неругоҳи  барқи обии  Помир  ба ин рӯдхона оби Яшикӯлро илова мекунанд.  Дар фасли  тобистон бо истифода аз иншооти  обнигаҳдорӣ оби кӯл  баста мешавад ва ин кӯл боз ба ҳолати аввалаи худ бармегардад.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ    Мулкамон Назаралиев ба ин бовар аст, ки истифодаи  босамари  ҳамаи сарватҳои  табиии  вилоят  ба  сокинони он  манфиати  хуб оварда метавонад. Дар  мавзеи ноҳияи Мурғоб дар баландии зиёда аз 4  ҳазор метр аз сатҳи баҳр кӯли  Қаракӯл дар масоҳати  38 ҳазор гектар  доман густурдааст. Истеъмоли оби он ба иллати беҳад   шӯр  будан ғайриимкон аст. Аммо манзараи зебо ва шамоли доимӣ имкон дод, ки дар чанд соли охир ҳамасола дар ин макон  дар фасли  тирамоҳ мусобиқаи  қайиқронии мавсум ба   “регата” баргузор гардад. Аз ин рӯ дар фасли тирамоҳ дӯстдорони зиёди  ин намуди варзиш аз  кишварҳои  хориҷӣ дар Қаракӯл ҷамъ омада, ҳам истироҳат ва ҳам мусобиқа баргузор мекунанд.  Имсол ҳам  роҳбарияти Парки миллии Тоҷикистон дар Бадахшон  ва Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят ният доранд дар ҳамкорӣ  бо  Ассотсиатсияи    сайёҳӣ ва экологию фарҳангии Помир  фестивали  «Регата – 2017»- ро  дар ин макон  роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари доир кардани чунин чорабиниҳо  диққати асосӣ  ба ҳифзи  табиати  нотакрори  диёр  равона  мегардад.  Бо неруи  кормандони ҳифзи табиат, ҷалби волонтёрон ва  мардуми маҳаллӣ  дар  ҷамоати деҳоти Қаракӯли ноҳияи Мурғоб  ва  деҳоти  соҳили  дарёҳои Ғунду Панҷ бо ҷалби зиёда аз  5 ҳазор нафар   ҳамоиши  «Тозагии соҳил»  гузаронида шуда, ҳамарӯза дар миёни мардум корҳои   фаҳмондадиҳӣ  ба хотири  баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳифзу нигоҳдории сарватҳои бебаҳои табиат доир карда мешаванд.

Июнь 5, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд