Қадршиносии қаҳрамони Осиё Комроншоҳи Устопириён
ДУШАНБЕ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода Чемпиони Осиё оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён ва устоди ин варзишгари номӣ Усто Устопириёнро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни суҳбати самимӣ Сарфароз Фаттоҳзода Комроншоҳи Устопириёнро бо муваффақияти навбатии варзишӣ табрик намуд.
Бояд гуфт, ки ин паҳлавони тоҷик 26-28 майи соли равон дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо иштирок намуда, медали тилло ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки дар Гонконг доир шуд, Тоҷикистонро 7 нафар варзишгарон, аз ҷумла Комроншоҳи Устопириён муаррифӣ намуданд.
Комроншоҳ дар вазни то 90 кг дар се давра аз болои ҳарифонаш ғалаба карда, медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Бо ин паҳлавони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии Федератсияи дзюдо дар зинаи сеюм қарор гирифт, ки натиҷаи беҳтарин мебошад. Падар ва устоди Комроншоҳ Усто Устопириён гуфт, ки ин ғолибияти Комроншоҳ туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон ба мухлисону ҳаводорон ва мардуми сарбаланди кишвар мебошад. Ӯ ин дастовардро натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон дониста, гуфт: «Бо шарофати соҳибистиклолӣ таваҷҷуҳ ба самтҳои мухталифи ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла варзиш афзуд, ки мо пайваста шоҳиди муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик мешавем».
Ба андешаи Усто Устопириён, дар рушду пешрафти Комроншоҳ ҲХДТ низ нақши муҳим дорад, зеро Комроншоҳ узви фаъоли ҲХДТ маҳсуб шуда, бо комёбиҳои худ шарафу нуфузи ҳизби мазкурро боло мебардорад.
Сарфароз Фаттоҳзода зикр кард, ки «дастгирии истеъдодҳои ҷавон, аз ҷумла варзишгарон аз самтҳои муҳими Барномаи ҲХДТ маҳсуб шуда, кумиҷроияи вилоятӣ баҳри қадршиносӣ ва дастгирии варзишгар-ҷавонон тадбирҳои зиёдро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, давоми 2,5 соли охир бо ибтикори ҳизб беш аз 100 мусобиқаи варзишӣ ташкил карда шуда, бо дастгирии молиявии кумиҷроияи вилоятӣ чанд нафар варзишгар ба мусобиқоти байналхалқӣ сафарбар шуданд».
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён барои чунин таваҷҷуҳ ба Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ карда, гуфт: «Муҳим таваҷҷуҳ аст, ки он варзишгарро рӯҳбаланд мегардонад. Ман минбаъд низ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ бо неруи тоза иштирок карда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон, ҳамчунин ҲХДТ-ро баланд мебардорам».
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода қаҳрамони мусобиқаи Осиё оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён бо медали ҷашнии ҲХДТ ва устоди варзиш Усто Устопириёнро бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардонид.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






