Ҷалби занону духтарон ба эҳёи фарҳанги ниёгон ва пӯшидани либосҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҳунарҳои мардумӣ ва тарроҳӣ равнақ ёфта, як зумра мутахассисони баландихтисоси ин соҳа рӯи кор омаданд. Имрӯзҳо тарроҳону дӯзандагони моҳир намудҳои ҷадиди либосҳои тоҷикии шинаму зеборо пешкаши бонувон мегардонанд. Ҳамзамон фаъолияти коргоҳҳои атласу адрасбофӣ, қолину шолчабофӣ дар самти пешравӣ қарор дорад.
Ба ин хотир Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри ҷалби бештари занону духтарон дар ин раванд вохӯриҳо баргузор намуда истодааст. Дар робита ба ин шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва бахшу сохторҳои дахлдор дар байни занону духтарон оид ба фарҳанги либоспӯшӣ вохӯрии машваратӣ баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ ҷалби занону духтарон ба эҳёи фарҳанги ниёгон ва пӯшидани либосҳои миллӣ аз матои атласу адрас, чакану гулдӯзӣ ва дигар намуди либосҳои миллӣ буд. Зеро либоси миллӣ ин муаррифгари фарҳанги ниёгон ва тамаддуни башарӣ ба шумор меравад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






