Ҷалби занону духтарон ба эҳёи фарҳанги ниёгон ва пӯшидани либосҳои миллӣ

Июнь 29, 2017 11:29

ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҳунарҳои мардумӣ ва тарроҳӣ равнақ ёфта, як зумра мутахассисони баландихтисоси ин соҳа рӯи кор омаданд. Имрӯзҳо тарроҳону дӯзандагони моҳир намудҳои ҷадиди либосҳои тоҷикии шинаму зеборо пешкаши бонувон мегардонанд. Ҳамзамон фаъолияти коргоҳҳои  атласу адрасбофӣ, қолину шолчабофӣ дар самти пешравӣ қарор дорад.

Ба ин хотир Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри ҷалби бештари занону духтарон дар ин раванд вохӯриҳо баргузор намуда истодааст. Дар робита ба ин шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва бахшу сохторҳои дахлдор  дар байни занону духтарон оид ба фарҳанги либоспӯшӣ  вохӯрии машваратӣ баргузор  намуд.

Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ ҷалби занону духтарон ба эҳёи фарҳанги ниёгон ва пӯшидани либосҳои миллӣ аз матои атласу адрас, чакану гулдӯзӣ ва дигар намуди либосҳои миллӣ буд. Зеро либоси миллӣ ин муаррифгари фарҳанги ниёгон ва тамаддуни башарӣ ба шумор меравад.

 

Июнь 29, 2017 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд