Ҷамъомади сохторҳои ғайриҳукуматии МҲТБО дар Пекин
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи дуюми Форуми сохторҳои ғайриҳукуматии Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 28-29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин таҳти шиори «25-умин солгарди МҲТБО: баҳри амният ва рушди Осиё» баргузор мешавад, иштирок дорад.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Чин хабар доданд, дар Форум наздики 300 нафар намояндагони Чин ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла собиқ сиёсатмадорони баландпоя, коршиносон, олимон, намояндагони ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматии давлатҳои аъзои МҲТБО ва кишварҳои нозири он ширкат меварзанд.
Дар маросими кушодашавии Форум аз ҷониби кишвари мизбон собиқ Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Ҷаосин сухан гуфт. Ҳамчунин паёми табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ирсол гардид. Дар ҷаласаи васеи он аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Вазири корҳои хориҷии кишвар академик Талбак Назаров суханронӣ кард.
Дар назар аст, ки ҳашт мизи мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун доир мегарданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






