«Ҷавонон-неруи рушди зеҳнии кишвар»- Форуми илмии байналмилалӣ дар Кӯлоб

Июнь 7, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  Форуми 3-юми илмии байналмилалии «Ҷавонон- неруи рушди зеҳнии кишвар» бахшида ба 11 июн-Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук,  Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсади Форум тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид бобати рушди неруи зеҳнию ақлонии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар Форуми мазкур   шарикони ҳамкор аз муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, бахусус шаҳрҳои Москва, Иваново, Воронежи Федератсияи Россия ва аз Украина иштирок доштанд ва ба маърӯзаҳои илмӣ, ихтироот, намоиши дастовардҳои зеҳнии ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баҳои баланд гузоштанд.

Баргузории чунин форумҳо метавонад барои ҷавонон дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноати кишвар шароити мусоид фароҳам оварад.

Иштирокчиёни форум бо ифтихормандӣ аз дастовардҳои соҳаи саноати кишвар дар тӯли 20 — соли Ваҳдати миллӣ  ёдовар гардиданд. Барои меҳмонон ва иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Ваҳдатсарои миллат» манзур гардонида шуд.

 

Июнь 7, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид