Баимзорасии шартномаи грантӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе аз тарафи Ассотсиатсияи дастгирӣ ва кумак (AAP Japan) ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи грантӣ ҷиҳати дастгирии барномаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар шаҳри Ҳисор» ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маросими баимзорасии шартнома, ки дар Сафорати Япония дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад.
Лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Япония дар ҳаҷми 368 000 доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, барои ба таҳсили шоиста фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Ҳисор равона гардидааст.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ҳангоми суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард: «Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таҳия ва қабул карда шудааст. Дар заминаи Консепсияи мазкур муҳайё намудани шароити мусоиди таълим ва ташкил кардани базаи моддию техникии мутобиқ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар назар дошта шудааст. Ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар хонандагони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ва таълим фаро гирифта шудаанд».
«Дар ҳамаи он муасиссаҳои таълимие, ки акнун сохта ба истифода дода мешаванд, сохтани роҳравҳои мутобиқ ба аробачаҳои маъюбӣ, таъмини асбобҳои ёрирасон ва лавозимоти таълимӣ, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ сохта шудани гӯшаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд», — таъкид кард Латофат Назирӣ.
Бояд гуфт, ки Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония ҳамчун шарикони ҳамкор баҳри амалӣ намудани супоришҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати маориф ва илм ҷиҳати муҳайё намудани шароити мувофиқи таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд гузоштааст, ҳамеша дасти ёрӣ дароз кардааст.
Аз ҷумла давоми солҳои охир дар доираи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония (AAP Japan) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №-72, 28, 54 ва 74-и шаҳри Душанбе лоиҳаҳои грантиро татбиқ намуд.
Роҳбари Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония (AAP Japan) Рие Ямане зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Мо тасмим гирифтаем, бо роҳи барқарорсозии биноҳои таълимии мактабҳои миёнаи №-2 ва 5-и шаҳри Ҳисор, ифтитоҳи синфхонаҳои захиравӣ, баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи тафаккур нисбат ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд мусоидат намоем».
Дар маросими баимзорасии шартномаи грантӣ Такаши Камада, мушовири Сафорати Япония дар Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Ҳисор ва директорони мактабҳои №-2 ва 5-и шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуда, амалӣ шудани лоиҳаи мазкурро иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ баҳогузорӣ карданд.
Акрам САНГЗОДА













Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






