Боздиди Ли Ву Чёл аз Парлумони Тоҷикистон

Июнь 2, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 02.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе тақвияти равобити мутақобилан судманди  Тоҷикистон ва Корея зимни мулоқоти Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итилоот  ва Ли Ву Чёл,  кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    баррасӣ гардид.

Аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон баргузории нахустин  ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии байни  ҳар ду кишварро, ки дар Сеул доир гардид, муҳим  арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки доир гардидани ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Сеул ба тақвияти равобити ҳасанаи ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар мулоқот ҳамзамон тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки  байни давлатҳо гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Корея фаъол буда, он дар тавсеаи ҳамкории байнипарлумонии  ду кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Мавриди  зикр аст, ки соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 25 сол сипарӣ мегардад.

Дар мулоқот раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Ҷумҳурии Корея Олимҷон Бобоев ширкат дошт.

 

Июнь 2, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд