Боздиди Ли Ву Чёл аз Парлумони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе тақвияти равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Корея зимни мулоқоти Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итилоот ва Ли Ву Чёл, кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни ҳар ду кишварро, ки дар Сеул доир гардид, муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки доир гардидани ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Сеул ба тақвияти равобити ҳасанаи ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар мулоқот ҳамзамон тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки байни давлатҳо гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Корея фаъол буда, он дар тавсеаи ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар саҳми муносиб мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 25 сол сипарӣ мегардад.
Дар мулоқот раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея Олимҷон Бобоев ширкат дошт.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






