Дар Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ дар бораи дастовард ва дурнамои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсия бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, кормандони вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону пажӯҳишгарони соҳа, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини марказҳои фароғатӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ оғоз намуда, паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони он расонид.
М. Муинӣ зикр кард, ки дар пойтахт 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ фаъолият доранд, ки дар татбиқи қонуни мазкур мусоидат менамоянд. Тибқи маълумоти оморӣ аз моҳи июни соли 2007 то 5 моҳи аввали соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14 191 маъракаи хатнасур, 48 005 тӯйи домодию арӯсӣ, 16 008 маъракаи чил ва 13 585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21 988 чорвои калон ва 7 281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳои баргузоршуда зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.
Татбиқи қонуни мазкур теъдоди тӯйҳои домодию арӯсӣ ва хатнасурҳои хайриявиро афзуд, ки он чандин оилаҳои камбизоату ниёзманди пойтахтро аз хароҷоти барзиёд озод намуда, боиси беҳ гардидани вазъи молиявиашон гардид. Дар давоми 10 соли сипаригардида 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ ва 5 840 адад хатнасурҳои хайриявӣ барпо карда шудааст.
«Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам дар ҳудуди пойтахт ҳолатҳои риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мушоҳида мерасанд. Масалан, агар дар 6 моҳи соли 2016 дар ин самт 42 ҳолати қонунвайрокунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар 5 моҳи соли 2017 ин рақам ба 80 адад мерасад. Аз ин рӯ, масъулини ноҳияҳои пойтахтро зарур аст, ки дар ин самт корҳои ташвиқотиро пурзӯр намуда, моҳияти асосии қонунро, ки аз пешгирии хароҷоти беҳудаву барзиёд дар ҷашну маросимҳо иборат аст, ба сокинони шаҳри Душанбе фаҳмонанд ва ба риояи қатъии он мусоидат намоянд», -изҳор дошт М.Муинӣ.
Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода дастовардҳои 10 соли татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро натиҷагирӣ намуданд.
Ҳамчунин дар назди иштирокдорони конференсия сиёсатмадорону олимон ва коршиносону пажӯҳишгарон оид ба дастовардҳо ва дурнамои қонуни мазкур бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода, Раиси Суди Конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода ва дигарон изҳор доштанд, ки бо татбиқи қонуни мазкур сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Дар конференсия ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯз як қатор давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баҳри танзим намудани ҷашну маросимҳои миллиашон аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода бурда истодаанд.
Пас аз музокира ва суолу ҷавоб қарор дода шуд, ки дархосту пешниҳоди иштирокчиёни конференсия доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Рухсораи НУР













Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






