Дар Хоруғ бинои Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 27 июн дар доираи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бинои Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, зимни ифтитоҳи бинои навбунёд Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки сол то сол бо маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз таваҷҷуҳи рўзафзуни Пешвои миллат ҷиҳати рушди босуботи манотиқи дурдасти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Таъкид гардид, ки таъсиси ду ҷамоати шаҳрак бо 30 воҳиди корӣ дар маркази вилоят шаҳодати амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат-таъмини хаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд аст. Зеро минбаъд сокинони қисмати Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур имкон доранд, як қисми масоили ҳалталаби рўзгори худро бо муроҷиат ба зинаи аввали ҳокимияти маҳаллӣ-ҷамоати шаҳрак ҳал намоянд.











Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






