Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмиллалии тиҷорат «Суғд-2017: Водии имкониятҳо» ифтитоҳ гардид
ХУҶАНД, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2017: Водии имкониятҳо» ба кори худ оғоз намуд.
Тавре мухбири «Ховар» дар вилояти Суғд аз макони баргузории ярмарка иттилоъ дод, дар кори он намояндагони беш аз 10 давлат ва 20 ширкати байналхалқӣ, аз ҷумла аз Беларус, Ӯзбекистон, Полша, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд.
Дар расми кушодашавии ярмарка ҳадафи баргузории онро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони вилояти Суғд бо намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик арзёбӣ намуд.
Дар ярмарка инчунин намояндаи Парлумони кишвар Шариф Раҳимзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия Михаил Кораблин, Директори Барномаи рушди СММ Ян Харфст, роҳбарони Бонки рушди Олмон Кристин Лабс, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Файзулло Маманов ва муовини аввали Раиси шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус Александр Патёмкин дар бораи Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2017: Водии имкониятҳо» ва аҳамияти он ибрози андеша намуданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






