Дар «Санглох» Рўзи байналмилалии астероид таҷлил карда шуд

Июнь 29, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии астероид, ки ҳамасола 30 июн ҷашн гирифта мешавад, дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» мизи мудаввар доир намуд, ки он мактаббачагон, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва дўстдорони илми астрономияро бо ҳам гирд овард.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд: «Иштироки мо дар гузаронидани Рўзи байналмилалии астероид аҳамияти басо муҳим дорад, зеро ба таври оммавӣ фаҳмонидани донишҳои астрономӣ дар байни мактаббачаҳо, донишҷўён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мартабаи  кишварамонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешбарандаи ташаббусҳои сулҳҷўёнаи шаҳрвандии Созмони Милали Муттаҳид баланд мебардорад».

Ба маълумоти Гулчеҳра Қоҳирова, Рӯзи байналмилалии астероид аз одамони кулли рўи Замин даъват менамояд, ки бо ҳам ҷамъ шуда, дар бораи астероидҳо ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ, хатари эҳтимолии бархурдани онҳо ба Замин ва чораҳое, ки оид ба ҳифзи Сайёраи Замин  андешида мешавад, маълумот гиранд.

 

 

 

Июнь 29, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид