Дар вилояти Суғд маъракаи пилласупорӣ авҷ мегирад

Июнь 2, 2017 15:06

ХУҶАНД, 02.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ мегирад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ парвариш ва нигоҳубини кирмакро  дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” сараграноми идораи пиллаи вилояти Суғд Рохат Пулотова иттилоъ дод, кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 13 ҳазору 160 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба  уҳда гирифта, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ин замина дар вилоят вобаста ба  иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак  аз 5 то 22 апрел ҷараён гирифта, ҳоло дар 12 ноҳияи вилоят парвариши кирмак идома дорад.

Шурӯъ аз 17 май дар хамаи минтақахои вилоят, ғайр аз шаҳри Панҷакент супоридани пилла оғоз гардид. То  1 июн дар аввали  ҷадвали кирмаксупорӣ се ноҳия- ноҳияи Конибодом бо натиҷагирии 46 тонна ё 47,5%, пиллапарварони ноҳияи Б.Ғафуров  бо нишондоди 56 тонна ё 43% ва ноҳияи Ҷ.Расулов бо беш аз 31 тонна ё 41% қарор доранд. Дар маҷмӯъ то ин сана дар вилоят ин нишондод ба беш аз 208 тонна ё 32% баробар аст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз парвариш ва корҳои нигоҳубини  кирмак дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар як қуттӣ ба хисоби миёна 40 кг-ро ташкил медиҳад. Дар навоҳии мазкур беш аз 14 ҳазор нафар сокинон ба ин кор машғуланд.

Ҳамчунин соли равон сарпарастии кирмакпарваронро Ҷамъияти саҳомии «Тоҷ-Силк» ба зимма дошта,  баҳри назорату риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ ба кирмакпарварон дар маҳалҳо мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ сафарбар гардидаанд.

 

 

Июнь 2, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад