Дар Ярмаркаи «Суғд–2017» беш аз 100 шартнома ба имзо расонида шуд

Июнь 22, 2017 09:12

ХУҶАНД, 22.06.2017  /АМИТ «Ховар»/. Дар Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2017», ки 16 – 17 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ бобати пешниҳоди маҳсулот ва густариши ҳамкорӣ байни иштирокдорон ба имзо расонида шуд.

Тавре ба мухбири  АМИТ «Ховар» муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иброз дошт: «Дар мулоқоту гуфтушунидҳо ва Форуми тиҷоратию сармоягзорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», ки дар доираи Ярмарка баргузор гардиданд, бо ба имзорасии шартномаҳои ҳамкории тарафайн натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд.

Аз ҷумла соли равон бори аввал ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагии 30 ширкат аз доираи соҳибкорони истеҳсолӣ таҳти сарварии роҳбари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Тошканд Файзулло Маманов дар ярмарка иштирок намуда, байни намояндагии доираи соҳибкорӣ ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва доираи соҳибкорони Суғд  беш аз 70 шартнома ба маблағи беш аз 2,5 миллион сомонӣ ба имзо расиданд».

Бояд зикр кард, ки Ярмарка дар сатҳи баланди омодагиву ташкилӣ ба роҳ монда шуда, дар кори он дар радифи иштироки беш аз 150 ширкату хоҷагиҳои манотиқи гуногуни Тоҷикистон, инчунин зиёда аз 200 нафар намояндагони доираҳои соҳибкории Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Лаҳистон, Хитой ва Латвия ширкат намуданд.

Дар доираи Ярмарка озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» ва Фестивали гулҳо низ баргузор шуд, ки ин муаррифгари на танҳо молу маҳсулот соҳибкорони маҳаллӣ, балки бардошт аз урфу анъана, зебоипарастӣ ва обокории сокинони ин минтақа гувоҳӣ медод.

Ба имзорасии беш аз 100 шартнома дар Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат _Суғд _2017 Водии имкониятҳо_ _2

Июнь 22, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар