Дар Ярмаркаи «Суғд–2017» беш аз 100 шартнома ба имзо расонида шуд
ХУҶАНД, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2017», ки 16 – 17 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ бобати пешниҳоди маҳсулот ва густариши ҳамкорӣ байни иштирокдорон ба имзо расонида шуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иброз дошт: «Дар мулоқоту гуфтушунидҳо ва Форуми тиҷоратию сармоягзорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», ки дар доираи Ярмарка баргузор гардиданд, бо ба имзорасии шартномаҳои ҳамкории тарафайн натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд.
Аз ҷумла соли равон бори аввал ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагии 30 ширкат аз доираи соҳибкорони истеҳсолӣ таҳти сарварии роҳбари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Тошканд Файзулло Маманов дар ярмарка иштирок намуда, байни намояндагии доираи соҳибкорӣ ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва доираи соҳибкорони Суғд беш аз 70 шартнома ба маблағи беш аз 2,5 миллион сомонӣ ба имзо расиданд».
Бояд зикр кард, ки Ярмарка дар сатҳи баланди омодагиву ташкилӣ ба роҳ монда шуда, дар кори он дар радифи иштироки беш аз 150 ширкату хоҷагиҳои манотиқи гуногуни Тоҷикистон, инчунин зиёда аз 200 нафар намояндагони доираҳои соҳибкории Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Лаҳистон, Хитой ва Латвия ширкат намуданд.
Дар доираи Ярмарка озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» ва Фестивали гулҳо низ баргузор шуд, ки ин муаррифгари на танҳо молу маҳсулот соҳибкорони маҳаллӣ, балки бардошт аз урфу анъана, зебоипарастӣ ва обокории сокинони ин минтақа гувоҳӣ медод.









Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






