Ду майдончаи варзишӣ-армуғони идонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сокинони пойтахт

Июнь 24, 2017 12:17

     ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/ Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар робита ба иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ   дар пойтахт ду майдончаи варзиширо ҳамчун армуғони  идона ба Ҷашни Ваҳдат ба сокинони пойтахти кишвар  сохта тақдим намуд.

Майдончаҳои варзишӣ яке дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо  масоҳати 1090 метри  мураббаъ  ва дигаре дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи  103 бо масоҳати 2800 метри  мураббаъ  аз ҷониби ширкатҳои  сохтмонии «Тоҷикроҳсоз» ва «Сомонаморат» бунёд карда шудаанд. Майдончаҳои варзиширо  имрӯз муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини директори генералии  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов  дар маросии ботантана ба истифода доданд.

Назар ба иттилои котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова,   роҳбарияти фурудгоҳ тасмим дорад, ки боз чунин як адад майдончаи варзиширо дар остонаи ҷашни  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 112  дар масоҳати 1620 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад.

Мавсуф зикр кард, ки алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди  майдончаи варзишӣ оғоз гардидааст.

 

Июнь 24, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад