ФАРЗАНДИ ХУБ–БОҒИ ПАДАР… 18 июн дар баъзе кишварҳо чун Рӯзи падар таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар тақвим чашмам ба ин сана афтид: Рӯзи падар. Навиштаанд, ки он дар ИМА, Канада, дигар кишварҳои Ғарб, инчунин дар баъзе мамлакатҳои узви ИДМ, амсоли Россия, Украина ва ғайра (дар сатҳи давлатӣ набошад ҳам) таҷлил мешудааст.
Дар фарҳанги халқҳои гуногуни олам анъаҳои хубе ҳастанд, ки метавон аз онҳо пайравӣ кард ё лоақал ба ёд овард, тавре мардумони манотиқи дигари олам бисёр анъанаҳои мардуми моро (аз қабили ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам) гиромӣ медоранд ва таҷлил мекунанд.
Ва, бешак, Рӯзи падар яке аз чунин анъанаҳои неки мардуми Мағриб ба шумор меравад. Беихтиёр аз дуриҳо гӯё садои марғуладори сарояндаи маҳбуб баланд мешавад:
Чӣ маҳбубӣ, чӣ ҷононӣ, падарҷон!..
Гӯё садои Ватан ба гӯш меояд ва бӯи Ватан ба машом мерасад. Он мафҳуме, ки мо бо калимаҳои «Модар-Ватан» ифода мекунем, дар Амрико ва Канада бо вожаи «Fatherland» низ ном бурда мешудааст, ки мазмунаш «Замини падарон» аст. Оё ин ибора барои мо бегона аст? Не, албатта, бо он дар осори адибону донишмандони гузаштаву имрӯзаамон бисёр вохӯрдаем. Ба ёд оред романи нависандаи зиндаёди тоҷик Юсуф Акобиров «Замини падарон»-ро, ки дар бораи азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Вахш ҳикоят мекунад. Вахш, ба гуфти Акобиров, бо оби дарёи Вахш не, балки бо арақи ҷабини падарони мо обод гаштааст.
Бале, падарон арақи ҷабин мерезанд, заҳмат мекашанд, фидокорию ҷонбозиҳо мекунанд, то ки фарзандонашон сиҳату фараҳманд, боақлу ботамиз ва босавод ба камол расанд ва дар навбати худ фарзандонашонро чунин тарбия намоянд. Инро ман дар мисоли падари марҳумам, ки тирамоҳи порсол бар асари фишорбаландӣ дар сини 57-солагӣ аз олам даргузаштанд, гуфта метавонам. Падарам Маъруфи Бобораҷаб тамоми фаъолияти меҳнатиашонро сарфи пешаи омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ карда буданд (муаллими оддӣ ва директори мактаб буданд, дар шабакаи телевизони «Тоҷикистон» ва рӯзномаи «Минбари халқ» кор кардаанд) ва, бинобар ин, ба тарбияи мо, фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. Ва ҳоло ин сатрҳоро ман ба ёди падари азизам мебахшам, ки меҳри бузургашон аз лавҳи дилу ҷони ман ҳаргиз берун нахоҳад рафт.
Дар бораи «меҳри падар», «мероси падар», «насиҳати падар», «чеҳраи падар», «роҳи падар», «касби падар» ва ғайраву ҳоказо шояд садҳо ва ҳазорҳо шеъру тарона, қисаву достон ва мақолаву ёдномаҳо ба табъ расида бошанд. Вале ин ҳама ба он бузургии меҳру шафқат ва хидмати падару модар, ки дар ҳаққи фарзандони худ мекунанд, баробар шуда наметавонанд.
Ин лаҳза суруди боз як сарояндаи хушадои кишварамон ба ёдам мерасад, ки чунин замазама мекунад:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад…
Мардуми тоҷик фарзанди хубро «боғи падар» ва фарзанди бадро «доғи падар» номидаанд, ки ин комилан дуруст аст. Ин мақоли мардумӣ далел бар он аст, ки дар кадом руҳия ба воя расонидани фарзанд масъулияти гароне бар дӯши падару модар аст ва нақши ин ҳарду дар ҷомеа бағоят бузург мебошад, зеро ҷомеаи солимро фарзандони солим бунёд мекунанд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба тарбияи фарзанд аҳамияти хосса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Бунёди оилаи солим, таълиму тарбияи наслҳои соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, зинда доштани фарҳангу тамаддун ва таҳким бахшидани иқтидори давлат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки гузаштагони миллати тоҷик дар бобати таълиму тарбияи фарзандон аз худ осори гаронарзишу пурғановат ба мерос монда, гуфтан мумкин, дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳми босазо гузоштаанд.
Бузургон фармудаанд: «Беҳтарин ирсе, ки падарон метавонанд ба фарзандони худ диҳанд, адабу тарбияти саҳеҳ аст. Сарвату мол танҳо мерос нест, ки падарон барои фарзандон боқӣ мегузоранд, балки асари ҷовидонатар ва ёдгори беҳтару барҷастатар аз адабу тарбият нест, ки падарон барои фарзандон ба ирс мегузоранд».
Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.
Тибқи як ривоят, замоне падару модари ҷавон аз Абўалӣ ибни Сино пурсидаанд, ки тарбияи кўдаки ҳафтрўзаамонро аз кай оғоз кунем? Ў дар посух гуфтааст, ки аллакай ҳафт рўз дер кардед, зеро тарбия аз рўзи таваллуд оғоз меёбад.
Дар ин суханони аллома Ибни Сино маънои бузурге ниҳон аст, ки шунавандаро ба фикру андеша водор месозад. Дар омади гап, Абўали ибни Сино дар рисолаи “Тадбири манзил”, ки онро ба масъалаҳои оилавӣ бахшидааст, ақидаҳояшро дар бобати тарбияи фарзанд баён намуда, чунин менависад: ”Ҳуқуқи фарзанд дар зиммаи падар ин аст, ки вайро номи накў бимонад ва кўдакро аз корҳои ношоям ҳифз намояд, фарзандашро хуб донад ва омўзад, ки воситаи ягонаи омўзиши фарзанд ин мушоҳида мебошад”.
Ин ҷо бояд зикр намуд, ки аз ҷониби давлати имрӯзаи мо мавриди эҳё, омӯзиш ва пазириш қарор гирифтани саҳифаҳои арзишманди таъриху фарҳанги ниёгони некномамон, албатта, боиси хушӣ ва сарфарозист. Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғами ояндаи миллатро мехӯранд ва ояндаи дурахшони ин сарзаминро хоҳонанд, бинобарин зимни суханрониҳояшон, бо назардошти он ки ояндаи неку дурахшон ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонони имрӯза вобаста аст, пайваста дар бораи зарурияти рушди соҳаҳои фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, аҳамияти тарзи ҳаёти солим ва бунёди ҷомеаи аз ҳар ҷиҳаи пешқадам ҳарф мезананд. Маҳз бо ҳамин андеша Сарвари давлат моҳи апрели соли 2011 бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд ва ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ моҳи июни ҳамон сол аз ҷониби парлумони мамлакат қабул карда шуд.
Агар боби 2-юми Қонуни мазкур ба масъулият ва уҳдадориҳои падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон бахшида шуда бошад, боби 3-юм уҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модарон дарбар мегирад. Фарзандон вазифадоранд, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд.
Мо, фарзандон, набояд фармудаи ҳамдиёри бузурги хеш Ҳаким Носири Хусравро аз ёд бубарем, ки гуфта:
Ба пирӣ хидмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат…
…Рӯзи падар. Ин сана дар баъзе мамолики олам бо мақсади арҷгузорӣ намудани хизматҳои падар ба фарзанд ҷашн гирифта мешавад. Биёед мо ҳам бо амри дил ин рӯзро барои падарони маҳбубамон ба рӯзи шодию нишот мубаддал созем: агар аз наздамон дуранд, ба аёдаташон биравем, онҳоро табрик гӯем, ба онҳо изҳори меҳру муҳаббат намоем, барояшон хӯроки лазиз бипазем, суханҳои хуш ҳадя намоем…
масъули бахши «Ҳидоят»
P.S. Ба рӯзноманигорон, адибон, донишмандон, таърихнигорон, коршиносон, ҳуқуқдонҳо, ба намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун чунин муроҷиат мекунем: ҳар касе дар ин мавзӯъ, дар боби пайванди наслҳо, волидайн ва фарзандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд навишта, гапи гуфтанӣ ё маълумот хонданӣ дорад, бахши «Ҳидоят» барои шумост! Мо мунтазири маводҳои шумо хоҳем буд ва беҳтарин ва ҷолибтарини онҳоро дар сомона ба нашр хоҳем расонид.