МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД? Урфу одат ва маросимҳои миллии хешро аз фарҳанги бегона пок менамоем!

Сентябрь 2, 2017 13:25

Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон, 24 майи соли 2007

ДУШАНБЕ, 02.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.    Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. 28 августи соли ҷорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари як зумра қонунҳои дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидаасту  ҳадафи дигари он  рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик дониста мешавад, то кадом андоза ба чунин ҳадафҳои созандаи худ ноил гардидааст? Ин суолест, ки мо пайгираш шудем.

2017-07-11tanzim_sАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли равон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд: «Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд».

Маврид ба зикр аст, ки ҳар як санади қонунгузории кишвар ба беҳбуд бахшидани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ маҳз бо мақсади аз байн бурдани камбизоатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти бемаврид, танзими урфу одат ва ҷашну маросимҳои миллӣ  ба роҳ монда шудааст.  Ҳамин аст, ки  вақт чун довари бузург нишон дод, ки бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ гардидани он,  урфу одат, расму ойин ва ҷашну маъракаҳои миллӣ, ки тӯли таърих ба дигаргуниҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида, серхароҷоту сертараддуд шудаанд, ба танзим дароварда шуд. Қонуни мазкур  барои то ҳадди зарурӣ пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда ва дар ин замина беҳтар гардонидани вазъи иқтисодии сокинон сабаб гардид.

Агар ба натиҷаҳои татбиқи ин қонун назар афканем, мебинем, ки тибқи омори расмӣ,  дар даҳ соли амалӣ гардидани ин қонун  беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Ин дар ҳолест, ки давра ба давра сатҳи зиндагии сокинони кишвар рӯ  ба беҳбудӣ оварда, сатҳи камбизоатӣ рӯ ба поин ниҳодааст. Сарфа гардидани 18 миллиард сомонӣ танҳо аз ҳисоби ҷашну маросимҳои миллӣ маблағи дар воқеъ чашмрас буда,   беҳбуди вазъи зиндагии мардум низ аз чунин сарфакориҳо ва дар амал татбиқ гардидани қонуни мазкур дарак медиҳад.

Вале аз рӯи мушоҳидаҳо, сарфи назар аз ҳама корҳои хайрхоҳонаи давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодии сокинон,  то ба имрӯз  ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар дигар маросимҳо ба назар мерасиданд, аммо бо ворид гардидани тағйирот ба қонуни мазкур ин ҳама бемасъулиятиҳо решакан карда мешаванд. Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки соли 2017 шумораи ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун ба 784 адад расидааст. Ин дар ҳолест, ки ин шумора дар соли нахустини татбиқи қонун, яъне соли 2007 ба 60 ҳолат баробар буд. Сарфакорию сариштакорӣ яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дониста шуда, кулли адён пайравони худро ба сарфакорӣ даъват менамоянд.  Ин дар ҳолест, ки на танҳо тӯю маъракаҳои хурсандӣ серхарҷ гузаронида мешаванд, балки идҳои динӣ, маросимҳои азодорӣ низ аз харҷи беҳуда дар канор намондаанд. Пас яқин аст, ки чунин ҳолатҳо на ба хотири риояи таълимоти динӣ, балки танҳо ба хотири нишон додани қудрат ва тавоноии бемантиқ аз ҷониби дороён ва тақлиди табақаҳои миёнаҳолу нодор ба чунин афрод мебошад. Ворид намудани тағйирот ба    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти камхарҷ гузаронидани баъзе аз маросимҳои азодориву идҳои динӣ низ ба хотири  аз байн бурдани чунин мушкилот сурат гирифта,  дар ин росто болоравии арзиши маҳсулоти ниёзи аввалинро низ дар арафаи идҳо ба танзим медарорад.

Саховатмандиву дороиро дар харҷи беҳудаву бемаврид намоиш додан амали инсонӣ нест, балки ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи нообод, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи камбизоату муҳтоҷ, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон нишонаи дурусти саховатмандиву хайрхоҳии инсонҳо мебошад.

Пуштибонии сокинони Хуҷанд аз Қонун дар бораи танзими анъанаИмрӯзҳо дар кишвари мо  73 мактаб-интернат, аз ҷумла 27 мактаб-интернати наздимактабӣ, 4 хонаи кӯдакон ва 8 хонаи пиронсолону маъюбон фаъолият доранд, ки шумораи бошандагону тарбиятгирандагони онҳо беш аз дувоздаҳ ҳазор нафар мебошад. Аз ин шумора 1150 нафарашонро пиронсолону маъюбон, 2100 нафарашонро кӯдакони маъюб ва зиёда аз 3000 нафарро ятимон ташкил медиҳанд. Дасти ёрӣ дароз намудан ба чунин табақаи ниёзманд амали ҷавонмардона аст, на исрофкориву бо хароҷоти беҳуда нишон додани молу сарвати худ.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои аз тағйироту омезишҳо ҷудо намудани  урфу одати миллии  мо саҳми назаррас гузошта, бо кам намудани хароҷоти беҳуда ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии сокинон замина гузошт. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани   ин қонун саҳм гузошта, дар беҳтар гардидани вазъи зиндагии худ,  пешгирии хароҷоти беҳуда дар тӯйҳо, содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, аз байн бурдани вайронкунии  қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод саҳмгузор бошем.

Бояд зикр намуд, ки ҳар як қонун ва талаботи дар ин ё он ҷомеа бавуқӯъоянда маҳз ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагии мардуми он равона мегардад. Таҷриба нишон дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат натиҷаи назаррас касб намуд.

Як байти машҳур ба ёдам мерасад:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?!

Воқеан ҳам, вақте сухан дар бораи татбиқи амалии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» меравад, кас мехоҳад ба аҳли ҷомеа хитоб намояд: мо накунем, кӣ мекунад? Ин кори ҳамаи мо, ҳар кадоми мост!

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД, Сугдмехр _1

масъули бахши «Ҳидоят»

 


P.S.
  Ба рӯзноманигорон, адибон, донишмандон, таърихнигорон, коршиносон, ҳуқуқдонҳо, намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун  чунин муроҷиат мекунем:  ҳар касе дар ин мавзӯъ, дар боби пайванди наслҳо, волидайн ва фарзандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  навишта, гапи гуфтанӣ ё маълумоти хонданӣ дорад, бахши «Ҳидоят» барои шумост!  Мо мунтазири маводи шумо хоҳем буд ва беҳтарину ҷолибтарини онҳоро дар сомона ба нашр хоҳем расонид.

Сентябрь 2, 2017 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш