Дар ноҳияи Синои пойтахт оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии кормандони милитсияи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ бо омӯзгорон ва волидони толибилмон баргузор гардид.
Тавре сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода иброз намуд, ин вохӯрӣ тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати маорифи пойтахт, Раёсати кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади вохӯрӣ аз татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат буд.
Ҳамчунин А. Фаттозода зикр намуд, ки «имрӯз 71 фоизи аҳолии моро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд ва пеш аз ҳама, падару модарон бояд ба баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидон барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад».
Мутаассифона, қонуни мазкур аз ҷониби баъзе падарону модарон иҷро нагардида, фарзандонашон ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Ин амали нодурусти онҳо сабаб мешавад, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳашт моҳи соли равон аз бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон 2367 нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор дар марказҳои дилхушӣ боздошт гардидаанд. Ҳамчунин дар ин 8 моҳ дар ноҳияи Сино нисбат ба 603 нафар падару модароне, ки талаботи қонуни мазкурро иҷро накардаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои дида баромадан ба Суди ноҳия ирсол гардид.
Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Зебунисо Ҷумахонзода баён дошт, ки ҳадафи баргузории чунин вохӯриҳои намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат- пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва иҷрои ҳатмии Қонуни мазкур аз ҷониби волидайн мебошад.
«Натиҷаи чунин суҳбату вохӯриҳои созанда аст, ки имрӯз ҳуқуқвайронкунии ноболиғон нисбат ба солҳои пешин камтар аст ва мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯртар намоем»,-гуфт Зебо Ҷумахонзода.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад падарону модарон ба кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дархосту пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад






