Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар панҷ моҳ 1 ҳазору 811 ҳолати ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифтааст

Июнь 21, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 21 .06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар зарфи панҷ моҳи соли 2017 1 ҳазору 811 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифташуда дар 43 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд, ки 4 ҳолати он ба қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, 27 ҳолат ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 12 ҳолати дигари ҷиноятҳо марбут ба фаъолияти гумрукӣ мебошанд.

Аз онҳо 18 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, 8 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, 2 парванда ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва 15 парванда ба Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқваронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук рост меояд.

Дар ин давра 4 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори умумии 24 килограмму 20 грамм ба қайд гирифта шудааст, ки 58,3 грамм афюн, 20 кг 56 грамм ҳашиш ва 3 кг 905 грамм моддаи психотропии  метамфетамин ташкил менамояд.

Нисбат ба боқимонда 1 ҳазору 768 ҳолати дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1 ҳазору 521 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ин миқдор 1 ҳазору 495 адад парвандаҳо баррасӣ ва ба маблағи 2 миллиону 414 ҳазору 550 сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст.

Барои баррасӣ 1 ҳазору 48 адад парвандаҳо ба мақомоти судӣ ирсол гардида, ба маблағи 2 миллиону 980 ҳазору 567 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуд ва ба маблағи 681 ҳазору 588 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.

 

Июнь 21, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст