Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл баргузор мешавад

Июнь 24, 2017 10:49

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  12 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор мегардад.

Аз палатаи болоии Парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ки дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ  Қонунҳои  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи арзёбии  таъсиррасонӣ ба муҳити зист», «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  иҷрои ҷазои  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.

Ҳамзамон интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ  масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе  аз маҳалҳои аҳолнишини кишвар баррасӣ гардад.

Июнь 24, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид