Ифтитоҳи Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ дар Конибодом

Июнь 30, 2017 16:45

ХУҶАНД. 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ барои занону духтарони хонашин дарҳои худро боз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар расми ифтитоҳи марказ роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, иброз доштанд, ки ба фаъолият шурӯъ намудани маркази таълимии адрасбофӣ дар таъмин гаштани якчанд нафар бо ҷойи кор ва то андозае ба некуаҳволии рӯзгори онон, рушди адрасбофӣ, афзун намудани шавқу завқи духтарон ба касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, инчунин зиёд намудани сафи занони ҳунарманду соҳибзавқ мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ,  сарварии марказро зани ҳунарманд Ойхон Исҳоқова бар ӯҳда дошта, то имрӯз аз ҷониби ин зани ташабускор дар ҳудуди шаҳр 5 нуқтаи маркази истеҳсоли адрасу атлас таъсис дода шудааст. Дар маркази навтаъсис дар айни ҳол 15 нафар духтарону заноне, ки курси кутоҳмуддати таълимиро хатм намуданд, бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ҳамзамон баҳри дастгирии занони ҳунарманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба маркази навтаъсис 5 дастгоҳи адрасбофӣ ва 2 мошинаи дарздӯзӣ дастрас карда шуда, масъулин азм доранд, ки марказро бо ашёи хоми маҳаллӣ низ таъмин намоянд.

 

 

Июнь 30, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик