Ифтитоҳи Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ дар Конибодом
ХУҶАНД. 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ барои занону духтарони хонашин дарҳои худро боз намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар расми ифтитоҳи марказ роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, иброз доштанд, ки ба фаъолият шурӯъ намудани маркази таълимии адрасбофӣ дар таъмин гаштани якчанд нафар бо ҷойи кор ва то андозае ба некуаҳволии рӯзгори онон, рушди адрасбофӣ, афзун намудани шавқу завқи духтарон ба касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, инчунин зиёд намудани сафи занони ҳунарманду соҳибзавқ мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, сарварии марказро зани ҳунарманд Ойхон Исҳоқова бар ӯҳда дошта, то имрӯз аз ҷониби ин зани ташабускор дар ҳудуди шаҳр 5 нуқтаи маркази истеҳсоли адрасу атлас таъсис дода шудааст. Дар маркази навтаъсис дар айни ҳол 15 нафар духтарону заноне, ки курси кутоҳмуддати таълимиро хатм намуданд, бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Ҳамзамон баҳри дастгирии занони ҳунарманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба маркази навтаъсис 5 дастгоҳи адрасбофӣ ва 2 мошинаи дарздӯзӣ дастрас карда шуда, масъулин азм доранд, ки марказро бо ашёи хоми маҳаллӣ низ таъмин намоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






