«Илм ва амният», «Мерос», «Варақе аз китоби рӯзгор» — шарҳи матбуот

Июнь 8, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳон ҳар яки моро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем, суннатҳои неки миллиамон, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем», — бо ҳамин ҳидояти Пешвои миллат, Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (03.06. 2017, №114-117) нашр шудааст. Дар саҳифаи аввали нашрия ба ифтихори 10-солагии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақолаи Ф.Баротзода таҳти сарлавҳаи «Таҳаввулоти фарҳангиву иҷтимоӣ» чоп шудааст. Муаллиф навиштааст: «Дар давраи амали қонун дар тафаккури мардуми кишвар андешаи нав ворид гардид, ки ба ҷуз ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавиро низ дарбар мегирад. Мардум бо дарки масъулиятшиносӣ тарзи оростани маъракаю маросимҳоро, ки пеш аз  қабули қонун маълум буданд, комилан тағйир доданд». Нашрия бо сарлавҳаи «Кӯлоб. Аксар корхонаҳои саноатӣ фаъолият надоранд, чаро?» мақолаи танқидӣ чоп кардааст. Дар шаҳри Кӯлоб аз 57 корхонаи хурду бузурги саноатӣ 34 корхона фаъолияти истеҳсолии худро қатъ кардаанд. Илова ба ин, нишондиҳандаҳои истеҳсолии он корхонаҳое, ки фаъолият доранд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта паст ва ғайриқаноатбахш мебошанд. Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара изҳори нигаронӣ карда буданд, ки дар вилояти Хатлон 258 корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият мондаанд. Сабабҳои аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ чист? — масъалагузорӣ кардааст муаллифи мақола Т.Файзалӣ. Нашрия ҳамчунин матнҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи ҳимояи рақобат», инчунин матни дигар қонунҳоро оид ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда чоп кардааст. Бояд гуфт, ки дар шумораи дигари «Ҷумҳурият» (02.06. 2017, №110-113) низ матнҳои Қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ҳамчунин матнҳои Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки эътибори қонунӣ гирифтаанд, чоп шудаанд.

«Ҷумҳурият» (06.06.2017, №118) ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сарлавҳаи «Ваҳдат сабақи бузурги таърихист» мақолаи омӯзгори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Фирӯза Қаландароваро чоп карда, ҳамчунин дар доираи озмуни «Ҷумҳурият» мақолаи «Ҳастӣ бубахшему ифтихор»-ро пешкаши хонандагон намудааст. Мавриди зикр аст, ки нашрия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ озмуни навбатӣ эълон кардааст. Бояд гуфт, чанде қабл нашрия ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмуни ҷумҳуриявӣ миёни журналистону адибон баргузор карда буд.

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (07.06.2017, №119) таҳти сарлавҳаи «Рашид Олимов: Муколамаи баробарҳуқуқ калиди ҳалли мураккабтарин мушкилот аст» мусоҳибаи дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Р. Олимовро бо агентии ТАСС чоп кардааст. Дар мусоҳибаи мазкур муносибат ва мавқеи дабири кулли СҲШ нисбат ба мушкилот ва масъалаҳое, ки дар ҳамоиши навбатии кишварҳои СҲШ 8 июни соли равон дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона мавриди муҳокима қарор мегиранд, баён шудааст.  Бояд гуфт, дар назар дошта шудааст, ки дар ҳамоиши мазкур масъалаи ба таври расмӣ қабул шудани кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ ба таври мусбат ҳал карда мешавад. Бо пайваст шудани ин ду кишвар ба Созмони Ҳамкории Шанхай  44 фоизи аҳолии кураи Замин таҳти чатри васеи ин Созмони минтақавӣ муттаҳид мегарданд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (03.06.2017, № 62-65) таҳти сарлавҳаи «Бори нахуст Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ қабул гардид» гузориши муфассали С.Асозода ва А.Муродовро аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ чоп кардааст. Нашрия ҳамчунин Кодекси тандурустӣ ва матни дигар қонунҳои аз тарафи ҳар ду палатаи парлумони мамлакат қабулгардидаро пешкаши хонандагон намудааст. Ҳамчунин дар шумораи навбатии нашрияи «Садои мардум» (06.06.2017, № 66-68) матнҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот» ва дигар қонунҳои қабулгардида чоп шудаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» сухани шоири маъруф Евгений Евтушенкоро, ки гуфтааст: «Наср метавонад на камтар аз назм шоирона бошаду назми асил на камтар аз наср пурмазмун» ҳамчун сухани рӯз интихоб намуда, дар саҳифаи наср ҳикояи Равшан Махсумзод «Мерос» ва дар саҳифаи назм рубоиёти Алимуҳаммад Муродиро нашр кардааст. Нашрия ҳамчунин хотираҳои адабиётшинос, нависанда ва шоир Абдураҳмони Абдуманнонро бо сарлавҳаи  «Варақе аз китоби рӯзгор» пешкаши мухлисони илму адаб намудааст. Муаллиф аз мулоқоти аввалини худ бо президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуда, зикр кардааст, ки «баъдан тақдир маро бо ин марди шариф бисёр рӯ ба рӯ мекард ва ман аз фазилату насиҳатҳои муфиду падаронаи ӯ (Осимӣ) хеле баҳраҳо бурдаам». Муаллиф дар идома навиштааст: «Умуман дар кори омодагӣ ва баргузории ҷашнҳои 100-солагии устод Айнӣ (1978), 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино (1980) ва 100-солагии устод Лоҳутӣ (1987) дар сатҳи умумииттифоқ, дар замони авҷи бесомониҳову ангезишҳои миллӣ дар сиёсати иҷтимоиву фарҳангии давлати бисёрмиллатаи шӯравӣ хирад, ҳисси миллатдӯстӣ ва шуҷоати шаҳрвандии устод Осимӣ барои ҷомеаи илмиву фарҳангии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт».

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаи илмӣ-таҳлилии С.Ятимовро бо номи «Илм ва амният» чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Бузургии тафаккури бадеӣ дар тавони дидани воқеоти реалӣ, ҳодисаҳо, равандҳои ҷомеа дар маҷмӯъ, ягонагӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мебошад. Он чизеро, ки дар ифода карданаш илм мувоҷеҳ ба мушкилот мегардад, сухани бадеӣ хеле сода, одӣ, ба таври оммафаҳм, заминӣ ифода мекунад. Яъне, барои таъмини мақсадҳои амнияти миллӣ аз беҳтарин воситаҳост. Аммо ин кори осон нест. Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда)-ро  ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст ӯ масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад».

Дар саҳифаҳои «Минбари халқ» мақолаҳои «Дарси худшиносии ҷавонон» ва «Сулҳу ваҳдат пояи мустаҳкамии миллат аст» чоп шудаанд, ки аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд. 

                                                            А.САНГЗОДА

 

 

 

 

Июнь 8, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид