Имрӯз 28 июн, чоршанбе, 179-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 186 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 28, 2017 08:03

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

28 июни соли 2011  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда буданд,  аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок»-ро ба имзо расониданд.

***

28 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ  намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Сарвари давлат аз рафти иҷрои барнома ва умуман рушди бахши моҳипарварӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ва васеъ ба роҳ мондани ин фаъолияти сердаромад супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардида буд, ки то охири сол бори дигар ҳисоботи кор дар ин соҳа шунида хоҳад шуд.

***

28 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ зикр намуданд, ки соли 2015 офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва заминларза ба ноҳияҳои вилоят зарар расонд.  Хисороти молиявӣ беш аз 131 миллион сомониро ташкил карда, 867 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 254 хона пурра ва 613 хона қисман хароб шуданд. Бо дастгирии саривақтии Ҳукумати мамлакат 115 хонаи истиқоматӣ, иншооти инфрасохторӣ ва роҳи харобгардидаи мошингарди байналмилалии вилоят ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ барқарор ва сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд

 ҶАШНҲО:

28 июн дар Қазоқистон Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Полша Рӯзи ёдбуди қурбониёни соли 1956-ро таҷлил мекунанд.

***

  28 июн дар  Украина Рӯзи Конститутсияро ҷашн мегиранд.

 РӮЙДОДҲО:

 28 июни соли 2007 Сафорати Америка дар Тоҷикистон  Маркази иттилоотӣ-захиравиро таъсис дода буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри  Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардида буд.

***

28 июни соли 1944 ИМА муносибатҳои дипломатияшро бо Финляндия қатъ карда буд.

***

 28 июни соли 2000-ум Парлумони Эстония бо мақсади ҳимояи саломатии шаҳрвандон қонун «Дар бораи манъи истеъмоли тамоку»-ро қабул кардааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 Ҳукумати коалитсионии Ироқ ташкил гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар ИМА  аз ҳама киштии калонтарини зериобии  шоҳон ба ҳаракат даромадааст, ки наздик ба 65 метр дарозӣ доштааст.

***

Соли 1994   футболбози тими мунтахаби Россия Олег Саленко дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба дарвозаи Камерун 5 гол зад ва барои чунин бозияш рекорд гузошт.

Июнь 28, 2017 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш