Имрӯз дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Июнь 30, 2017 08:34

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво  25-30 дараҷа ва дар шарқи он  16-21 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа ва дар вилояти Суғд 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо 30- 33 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.

 

Июнь 30, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид