Имрӯз дар «Наврӯзгоҳ» маҳфили идонаи «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июни соли 2017, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор мегардад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии мазкур маҳсули корҳои дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии пойтахт ва дигар дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар қисмати бадеии маҳфили идонаи «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» ҳунарнамоии санъаткорони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки барномаи фарҳангӣ фароғатии мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист роҳандозӣ гардида, он бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист нигаронида шудааст.











Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






