Истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет – яке аз омилҳои асосии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

Июнь 17, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ доир намуданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон Ҷумахон Назарзода оид ба мафҳум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ сухан гуфта, зикр кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. «Имрӯз мо, падару модарон бояд бо ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем»,- афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки аҳли ҷомеа бояд ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр намоянд ва нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб оштинопазир бошанд.

Дар вохурӣ Раиси ноҳияи Шаҳритуз Рамазон Оймаҳмадзода, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритуз Валихон Ҳамдамзода, шоири шинохта Хайрандеш, фаъолони ноҳия, падару модарон, ҷавонон ва имомхатибон андешаҳояшонро иброз намуданд.

 

Июнь 17, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст