Китоби тозанашри олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасти хонанда расид
ДУШАНБЕ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китоби тозанашри олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа» ба дасти хонанда расид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, дар китоб таҳқиқоти пурарзиши олимони шинохтаи тоҷик дар мавриди Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисод, забон, фарҳанг, илм ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
Муаллифон-академикҳо Ф. Раҳимӣ, К. Олимов, Ф. Тоҳиров, профессорон А. Муҳаммад, Х. Идиев, Ҷ. Маҷидзода, М. Маҳмадҷонова ва дигарон кӯшиш намудаанд, ки дар ин китоб маҷмӯи мақолаҳои ба таҳкими Ваҳдат бахшидашударо, гирд оваранд.
Аз ҷумла, дар яке аз саҳифаҳои китоб омадааст: «Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик аз имтиҳонҳои бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».
Дар ҷойи дигар таъкид шудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад».
Олимони тоҷик дар ин асар яке аз масъалаҳои муҳиму арзишмандро аз ҳамеша ҳушёру зирак будан, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардидан, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонидан вобаста донистаанд.
Хонандагон, хусусан насли ҷавон метавонанд, ки аз мақолаҳои дар ин китоб ҷамъоваришуда оид ба Ваҳдати миллӣ маълумоти дақиқ, саҳеҳ ва фаровонро дарёфт намоянд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






