Маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар китобхонаи вилоятӣ ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур устодони донишгоҳҳову донишкадаҳои шаҳри Кӯлоб, муаллимону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, олимону шоирон ва ҳаводорони шеъру суруд иштирок намуданд.
Дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» устодону хонандагон ва шоирон бо як маҳорати баланд аз Шоҳномаи безаволи А. Фирдавсӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Ҳамчунин дар қасмати фарҳангӣ саҳначаҳо ва сурудҳо дар иҷрои толибилмон манзури иштирокдорон гардонида шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






