«Мо давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем» — шарҳи матбуот

Июнь 30, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии  «Ҷумҳурият» (28.06.2017,№134-135) суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Мо давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем» чоп кардааст. «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем», — омадааст дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Нашрия ҳамчунин аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ хабар чоп кардааст. Бояд зикр кард, ки вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ 27-29 июн дар шаҳри Душанбе қарор доштанд. Зимни ҷаласаи мазкур мавзӯи тақвият бахшидан ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди муҳокимаи вазирон қарор дода шуд. Дар саҳифаҳои дигари нашрия гузоришҳои муфассал бо аксҳои ҷолиб аз ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (24.06.2017,№74-76)  бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ мақолаҳои таҳлилии Мирзо Набот «Ин субҳи растагорро дидан», Шарофат Абдулвоҳидова «Ман ба шумо сулҳ меорам!», Расул Замонов «Ваҳдат бақои миллату таҳкимбахши истиқлолият аст», Давлатхӯҷа Сироҷӣ «Назаркарда», Сайёра Бобоева «Ваҳдати миллӣ ишқ аст, муҳаббат аст» ва мусоҳибаи профессор Назрӣ Офаридаевро таҳти сарлавҳаи «Ҷоннисориҳо омили асосии расидан ба Ваҳдати миллӣ аст» чоп кардааст. Нашрия ҳамчунин аз ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодии мамлакат мавриди баррасии вакилон қарор дода шуданд, аз ҷумла мулоҳизаҳои намояндагони халқро дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қимматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ нашр кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ шумораи хосаро пешкаши хонандагон намудааст. Аз ҷумла муаллифи мақолаи «Ваҳдати ҷавонон ваҳдати миллат аст» оид ба масъулияти ҷавонон ҷиҳати таҳкиму тақвият додан ва мисли гавҳараки чашм нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ мулоҳизаҳои худро баён кардааст. Ҳамин тавр нашрия мақолаҳои «Ваҳдати миллӣ – пойдевори миллат», «Бақои ваҳдат мароми ягонаи мост!», «Беҳтарин неъмат ваҳдат аст», «Санади сарнавиштсоз» чоп кардааст, ки дар баёни Ваҳдат ва зарурати пойдории он навишта шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз сафари кории Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти сарлавҳаи «Ваҳдати созандаат поянда бод!» гузориши матбуотӣ нашр кардааст. Дар саҳифаи дуюми нашрия паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Фитр ва ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешкаши хонандагон шудааст. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Фитр омадааст: «Дар шароити дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза ба таълиму тарбияи фарзандон, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардани онҳо, инчунин аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳаракату неруҳои ифротиву тундгаро эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон, аҳли маориф, шахсони калонсолу обрӯманд, зиёиёну фаъолон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад».

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо Паёми табрикӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳидоят доданд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

 

 

Июнь 30, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд