Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд

Июнь 19, 2017 17:45

ДУШАНБЕ,19.06.2017./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар давоми 20 соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин давра аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки Осиёгии Рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушдро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамгироиҳои минбаъда арзёбӣ намуда, истифодаи пурраи имкониятҳои истифоданашударо барои беҳбудии равобити дуҷониба муҳим шумориданд.

Дастгирӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётии барои рушди тиҷорати минтақавӣ аҳамиятдошта, аз ҷумла таҷдиди марҳалаи аввали қитъаи роҳи Оби Гарм-Роғун-Нурободи нави шоҳроҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-сарҳади Қирғизистон (Ваҳдат-Қарамиқ), лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, хамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дар таҳқими иқтидори истеҳсолию интиқоли неруи барқ, ки дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии минтақа нақши калон доранд, ҷалби маблағҳои иловагӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ногувори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба суботи молиявӣ ва мувозинати буҷет, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёз дорад аз самтҳои нав ва барои ҳарду ҷониб манфиатбори ҳамкориҳо маънидод гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муваффақият ба даст оварда мешавад.

Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд  19.06.2017

Июнь 19, 2017 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд