Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Дагонбао»-и Гонконг
ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Нишасти сатҳи олии ҳамкории байналмилаллии “Камарбанд ва роҳ” мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Парвиз Давлатзода бо сармуҳаррири рӯзномаи “Дагонбао” (大公报)-и Гонконг Ли Ли доир гардид, ки натиҷаи онро рӯзнома дар саҳифаи аввали худ таҳти унвони “Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин: Осиёи Марказӣ сармояи Гонконгро ҷалб мекунад ” ва зермавзӯи “Бо истифода аз имконоти “Камарбанд ва Роҳ” бомуваффақият гузаштан аз сохти кишоварзӣ ба агросаноатӣ” ба нашр расонидааст.
Рӯзнома дар сархати хабари хеш менависад, ки “нишасти сатҳи олии ҳамкории байналмилалии “Камарбанд ва роҳ” барои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дошт, чунки Сафир ба ҷуз аз иштирок дар Нишаст ва ҳамроҳии ҳайати Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар ҷустуҷӯи сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла сармоягузорон аз Гонконг буд. Сафир дар мусоҳиба се самти асосиро аз бахшҳои муҳими сармоягузорӣ номбар намуд: роҳҳои оҳан, инфрасохтори соҳаи туризм, молия ва консалтинг.”
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзнома мусоҳибаи мазкурро ба шаш бахш ҷудо намудааст, ки фишурдаи онҳо чунин аст:
Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки “Камарбанд ва Роҳ”-ро дастгирӣ кард. Рӯзнома дар ин бахш аз сафари давлатии Роҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2014 ёдовар шуда, зикр менамояд, ки маҳз дар чаҳорчӯбаи ин сафар Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ”-ро дастгирӣ намуд.
Илова бар ин дар ин бахш аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидан ба раванди иқтисодӣ ва гузаштан аз сохти кишоварзӣ ба агросаноатӣ сухан рафта, сармоягузорони Гонконг барои сармоягузорӣ даъват шудаанд.
Роҳҳои оҳан-пайвандгари бозорҳо. Дар ин бахш рӯзнома навиштааст, ки барои бунёди роҳҳои оҳан дар Тоҷикистон фазои амниятӣ таъмин карда шудааст ва нооромии кишвари ҳамсоя (Афғонистон) низ ба бунёди роҳҳои оҳан таъсир нахоҳад расонд, чунки гурӯҳҳои алоҳидаи дар он ҷо мавҷудбуда низ хоҳони беҳдошти вазъи иқтисодии минтақаҳои худ мебошанд.
Нуқтаи дигари муҳими иброзшуда он аст, ки гарчанде шароити бунёди роҳҳои оҳан дар Тоҷикистон вазнин ва серхарҷ аст, аммо дар муқоиса бо роҳи оҳани Чинхай то Тибети Чин нисбатан осонтару амалишаванда мебошанд.
Дар ин бахш Сафир ҳамчунин аз бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон изҳори хушнудӣ намуда, сармоягузоронро барои бунёди роҳҳои оҳани дохилие, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд, даъват кардааст.
Сармоягузорӣ дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, панҷ соли озодӣ аз андоз. Ба ҷуз аз роҳсозӣ, Сафири Тоҷикистон сармоягузоронро барои маблағгузорӣ дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои консалтингӣ даъват намуд. Сафир иброз намудааст, ки Тоҷикистон кишвари дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ буда, ҳукумати кишвар барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Масалан, дар кишвар рӯзҳои наздик сохтори махсус таъсис хоҳад ёфт, ки фаъолияти асосии он ба рушди соҳаи сайёҳӣ равона карда мешавад ва ширкатҳое, ки дар соҳаи сайёҳӣ сармоягузорӣ мекунанд, ба муддати 5 сол аз супоридани андоз озод мебошанд.
Яке аз бахшҳои дигар дар бораи имконоти сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон маълумот дода, нишондоди ҳамкории тиҷоратии ду кишвар дар соли 2016-ро шарҳ додааст.
Тоҷикистон таъмингари амну оромӣ дар Афғонистон. Рӯзнома дар яке аз сархатҳои муҳими худ маҳз Тоҷикистонро таъмингари амну оромӣ дар Афғонистон номида, менависад, ки Чин дар баробари ба Тоҷикистон ворид намудани “як сабад” лоиҳаҳои “Камарбанд ва Роҳ” на танҳо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад, балки ҳамзамон барои таъмини амну оромӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бахш, ба ҷуз аз кӯшишҳои Тоҷикистон баҳри беҳдошти вазъ дар Афғонистон, боз аз раванди ҳамкории Тоҷикистону Чин дар роҳи муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра сухан рафтааст.








Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар ноҳияи Спитамен беш аз 2000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст






