Мутахассисони тоҷик ба Минск мераванд

Июнь 16, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва созмони ҷамъиятии «Зан ва замин» иборат  аст, ҷиҳати иштирок дар давраи омӯзишӣ ба Минск -пойтахти Беларус  мераванд.

Аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ки давраи омӯзишӣ  бо ташаббуси Дафтари минтақавии созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FАO)   барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  рӯзҳои 19-20 июн дар Минск гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории давраи омӯзишӣ баррасии масъалаҳои истифодаи дурусти  панҷ усули   устувории озуқаворӣ   ва кишоварзӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ба нақшагирии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи Рӯзномаи  рушди устувор барои то соли  2030, Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва баланд бароштани имкониятҳои кишварҳо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.

Июнь 16, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид