Намоиши филмҳои кишварҳои узви гурӯҳи «Вишеград» ва Латвия дар Суғд

Июнь 6, 2017 13:38

ДУШАНБЕ, 06.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Аз 3 то 5 июни соли равон дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд намоиши филмҳои кишварҳои узви гурӯҳи «Вишеград» ва Ҷумҳурии Латвия баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар қисмати ифтитоҳии намоиши филмҳои кишварҳои аврупоӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати меҳмонон-сафирони кишварҳои Полша, Венгрия, Словакия, Чехияро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки «бо шарофати сиёсати дарҳои боз ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дуру наздик самараи дилхоҳ ба бор оварда истодааст». Таъкид гардид, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ барои густариши ҳамкорӣ мусоидат менамояд.
Сафири Полша дар Тоҷикистон Пётр Ивашкевич зимни суҳбат аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуд ва изҳор дошт, ки ба узвияти чоргонаи «Вишеград» чор давлати марказии Аврупо- Чехия, Венгрия, Словакия ва Полша шомил буда, ин иттиҳод соли 1991 дар шаҳри Вишеград созмон ёфтааст.
Қаблан ин иттиҳод ҳамчун сегонаи Вишеград амал карда, баъди аз ҳам ҷудо шудани ҷумҳуриҳои Чехия ва Словакия он номи «Чоргонаи Вишеград»-ро гирифт. Ҳоло Ҷумҳурии Латвия низ бо ин иттиҳод ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Июнь 6, 2017 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид