Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи зағир
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 тонна зағири истеҳсоли Қазоқистон, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид гардидааст, дар яке аз анборҳои шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони гумрук ошкор ва мусодира гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. А. тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро, ки арзиши умумиаш 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба шаҳрванд Д. А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Исфара фиристонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






