Пагоҳ дар Душанбе дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин бо ҳам қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 июн вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Ҳаким Фузайлов ҳайати асосиро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин эълон кард. Барои бозии мазкур сармураббӣ 25 футболбоз: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намудааст. Ба дастаи мунтахаби кишвар 7 футболбозе, ки дар дастаҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, шомил гардидаанд. Аввалин маротиба ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгари 32- сола Алесандр Хубер, ки дар ҳайати дастаи «Франкфурт» ва Бундеслигаи Германия бозӣ кардааст, даъват карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар бозӣ бо дастаи «Ҳуҷанд» ҷароҳат бардошта буд, дар бозӣ бо дастаи Филиппин иштирок карда наметавонад.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






