Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ Ваҳдати миллиро омили муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон хонд
ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ходимони давлатӣ ва сиёсатшиносон, адибону донишмандон, мутахассисону коршиносон, намояндагони касбу кор, синну сол ва миллатҳои гуногуни Тоҷикистон андешаҳои худро дар иртибот ба моҳияи ин ҷашни таърихӣ ва мардумии мо – Рӯзи ваҳдати миллӣ мулоҳизаву андешаҳояшонро ба АМИТ “Ховар№ пешниҳод менамоянд. Ин ҷо матни баёнияи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимиро пешкаши хонандагон менамоем.
Соли 2017 мардуми сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон бистумин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои созандаю ободкорӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард ва миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф муаррифӣ шуда, Пешвои миллат ҳамчун як чеҳраи сиёсии ташабускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният шинохта гардид.
Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар сартосари кишвар ҳукмфармост, пеш аз ҳама, барои инсонҳо якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб, тарҳрезии иқтисодии ягонаи барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.
Дар ҳама ҳолат бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки Ваҳдат фаҳмиши хеле васеъ дошта, масъулияти зиёдро талаб мекунад. Мо Ваҳдати миллӣ гуфта бояд танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надошта бошем. Ваҳдат барои тамоми халқҳои ҷумҳурӣ якхела манфиатбахш буда, бояд чун ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ҳамтақдирии тамоми миллату халқиятҳои кишвар фаҳмида шавад.
Миллати куҳанбунёд ва тамадунофари тоҷик аз қадимулайём ба як ваҳдати комил ниёз дошт ва дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард.
Дар тӯли таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсила сулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеъият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдатро фақат дар назми оламгири тоҷикию форсӣ тараннум мекарду роҳи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.
Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, ки нигаҳдоштиинатои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт.
Барои мардуми шоҳид воқеаҳои солҳои 90-ум суратгирифта дар ҷумҳурӣ ва таърихи муосири кишвар пӯшида нест ва танҳо ҳамин нуктаро таъкид намуданиам, ки гузаштан ба давраи осоишта имкон дод, ки тамоми кӯшишу Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани зарари ҷанги шаҳрвандӣ ба низоми муайян даровардани сохтори идоракунии маъмурӣ, ҷоннок намудани хоҷагии халқ ва ғайра равона гардад.
Ба Пешвои миллат лозим омад то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини қишрҳои камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи инвеститсияҳои хориҷӣ, истиқлолияти энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ ва боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номовардионҳодаҳҳосаҳфаропурхоҳад кард, дар назардошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбад. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ ҳалли худро ёфтаву барои рушди босуръати онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона созем.
Бояд зикр намуд, ки барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳонҳои бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Бешубҳа, Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерую тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонид.
Мусаллам аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкорию созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.
Аз ин нуқтаи назар, дар шароити имрӯза ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми Ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум Ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд.
Аз ин рӯ зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.
Ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод.
Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи Ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мақсаднок ва мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурию ҳаётӣ мебошад.