Раиси Иттифоқи журналистон бо ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» мулоқот намуд

Июнь 6, 2017 15:48

ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Иттифоқи журналистони Тоҷикистон /ИЖТ/ тасмим гирифтааст, ки дар  арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрия ва маҷаллаи ИЖТ –ро таҳти унвони «Журналист» нашр намояд, ки он минбари озоди намояндагони ВАО-и Тоҷикистон хоҳад буд». Ин матлабро 6 июн Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  зимни мулоқот бо роҳбарият ва ҳайати эҷодии Агентии миллии иттилоотии  Тоҷикистон  «Ховар» иброз дошт.  Мавсуф ҳадафи вохӯрияшро бо  ҳайати  эҷодии АМИТ «Ховар» идомаи силсилавохӯриҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи  кишвар  ва шиносоӣ бо фаъолияти касбии кормандони ин хабаргузории давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Зинатуллоҳ Исмоилзода дар вохӯрӣ доир ба ҳадаф ва нақшаҳои  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони ВАО, баланд бардоштани касбияти журналистон ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо ибрози назар намуда, таъкид кард, ки роҳбарият ва масъулини ИЖТ  ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон тамоми  дониш ва саъю талоши  худро баҳри  баланд бардоштани нуфузи ҷомеаи журналистии кишвар нигаронидаанд. Дар ин замина бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷуда Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон  иқдомҳои наҷибу  саривақтиро роҳандозӣ намудаанд. Ташкили «Корвони журналистон» ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон –Рашту Бадахшон яке  аз ташаббусҳои ИЖТ аст, ки ҷиҳати ҳамбастагии намояндагони ВАО ва шиносоӣ бо вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии минтақаҳои кишвар ва дар ин росто таҳкими дӯстиву рафоқат ва муттаҳидӣ мусоидат менамояд. Дар назар аст соли равон «Корвони журналистон» ба самти вилояти Суғд низ  роҳ пеш гирад.  Ҳамзамон интизор меравад, ки дар оянда бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёту рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ  «Корвони журналистон» ба минтақаҳои  гуногуни Россия низ сафарбар гардад.

Мавриди  зикр аст, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон соли 1959 таъсис дода шуда, алҳол дар сафи худ 2300 нафар кормандони ВАО-и Тоҷикистонро муттаҳид намудааст. Инчунин 500 нафар довталаб хостори пазируфта шудан ба узвияти ИЖТ мебошанд.  Таъкид шуд, ки  алҳол раванди азнавбақайдгирӣ дар сафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон идома дорад ва ба сафи ИЖТ рӯзноманигорони касбии дорои тафаккури баланд ва онҳое, ки дар рушди журналистикаи тоҷик саҳми босазо гузоштаанд, инчунин шинохта шудаанд, пазируфта мешаванд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аъзои Конфедератсияи байналмилалии  журналистон буда,  ҳамзамон бо созмонҳои бонуфузи журналистии  кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

Раиси Итттифоқи журналистони Тоҷикистон зикр намуд, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи журналистии Тоҷикистон Стратегия ва консепсияи рушди ВАО дар  Тоҷикистон таҳия  мегардад. Ҳамзамон дар оянда сатҳу сифати ҷоизаҳое, ки ҳар сол дар Рӯзи  матбуоти тоҷик ба намояндагони ВАО тақдим мегарданд, баланд  бардошта мешавад. Инчунин интизор меравад, ки охири моҳи июн дар Душанбе  вохӯрии се насли журналистони тоҷик –насли калонсол, миёна ва ҷавон  гузаронида шавад, ки дар ҷараёни он муҳимтарин масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии журналистикаи тоҷик ва роҳҳои  рушди он матраҳ хоҳанд гашт.

Инчунин бо дахли баланд бардоштани касбияти намояндагони ВАО  раиси  ИЖТ афзуд, ки Академяи ВАО-и Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад. Ин аст, ки  Академяи ВАО-и Тоҷикистон дар зарфи фаъолияти начандони тӯлонии худ беш аз 20 давраи омӯзиширо барои кормандони  ВАО-и чопию электронии  кишвар бо ҷалби коршиносону мутахассисони ҳирфаии байналмилалӣ доир намуд, ки он барои баланд бардоштани ҷойгоҳи ҷомеаи журналистикаи тоҷик заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз сатҳи омода намудани мутахассисони ВАО дар  кишвар изҳори нигаронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҳар сол ба бахши журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон  наздик ба 400 нафар довталабон  ҳуҷҷат месупоранд ва қисми бештари онҳо ҷавононе ҳастанд, ки тасодуфӣ ба факултаҳои рӯзноманигорӣ шомил мегарданд. Бояд дар оянда пеши роҳи ин тамоюли манфӣ, ки ба нуфузи журналистикаи тоҷик латма мезанад, гирифта шавад. Қаблан дар риштаи рӯзноманигории  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон танҳо 25 нафар дар асоси озмун бо пешниҳоди тавсиянома аз идораи нашрияҳо қабул мегардиданд. Вале имрӯз дар аксари донишгоҳу  донишкадаҳои кишвар шуъбаҳои рӯзноманигорӣ амал менамоянд.

Дар мулоқот ҳамзамон масълаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни  ИЖТ ва АМИТ  «Ховар» баррасӣ гардида, Зинатуллоҳ Исмоилзода ба саволу пешниҳодҳои ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» посухҳои судманду мушаххас дода, бо фаъолияти АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» аз наздик шинос шуд. Инчунин дар АМИТ  «Ховар» ташкилоти ибтидоии ИЖТ таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан чунин вохӯриҳо бо намояндагони ВАО дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод баргузор гардида буданд.

                                                                            Марзия САИДЗОДА

Июнь 6, 2017 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид