Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Июнь 28, 2017 17:31

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Франсия мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Франсия ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.

Ҳамкории Тоҷикистону Франсия дар мисоли сохтмон ва навсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Франсия  ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи  мазкур  анҷом дода мешавад. Бунёди маркази савдои «Ашан» дар Душанбе аз ҳамкории дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардид.

Ҷониби Франсия изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст.

Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки  соли 2019 дар Франсия баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишвари моро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад  гирифт.

 

 

 

Июнь 28, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад