Саёҳати мактабиёни Ҳисор ба Данғара: боздид аз синфхонае, ки Пешвои миллат дар он таҳсил намудаанд

Июнь 30, 2017 10:59

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша – чорабиниҳо хонандагони Муассисаи таълимии «Нури Ирфон»- и шаҳри Ҳисор зуд- зуд ба сайри ҷойҳои таърихӣ ва хушманзараи диёр  мебароянд. Ин навбат саёҳати шогирдон ба ноҳияи Данғара  иттифоқ афтод.

— Мо тасмим гирифтем, ки дар арафаи ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Данғара, аз мактабе, ки дар он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардаанд, дидан намоем, — гуфт сарвари муассиса Мавҷуда Ҳакимова. — Зеро дар бораи Пешвои миллат бисёр шунидаему наворҳои зиёдеро тамошо кардаем. Дар соатҳои тарбиявӣ ҳаёт ва фаъолияти абармарди миллатро меомӯзем. Аммо дар дили хонандагон хоҳиш пайдо шуд, ки бо мактаб, шароиту муҳити таҳсил ва фазои дабистони таърихӣ, ки  фарзанди фарзонаи миллатро ба камол расондааст, шинос шаванд. Тай намудани роҳи ҳамвор, тамошои ҷойҳои хушманзара, иншооти азиму бузурги роҳи Ҳисор — Душанбе, Душанбе – Данғара хеле гуворо буд. Ронанда аз тариқи баландгӯяк мусофирони хурдсолро ба мавзеъҳои дилрабо ва иншооти таърихӣ шинос мекард.

Дар пайдо кардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 мушкилӣ накашидем. Баробари вориди таълимгоҳ шудан худро дар гулистони хушбоду ҳаво эҳсос намудем. Аз ду тарафи роҳрав гулу себарга, дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан қомат афрохта буданд. Истиқболи гарми маъмурият ва омӯзгорони таълимгоҳ моро хуш омад.

Боздид аз долони мактаб оғоз ёфт, ки айни замон, бо мақсади  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ба осорхона табдил ёфтааст. Мутасаддӣ ва роҳбари он, омӯзгори варзида Йигит Қурбонов ҳар як сурат, китобу маҷалла, ҳуҷҷату маълумоти гирдомадаро шарҳу эзоҳ дод. Шунидани қиссаву ҳикоятҳои аҷиб, дидани нигораву ангораҳои осорхона, синфхонаву таҷҳизот ҳаяҷонбахшу гуворо буд.

— Дар ин синфхона Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дарс хондаанд, — гӯён моро ба синфхонаи хеле барҳаво ворид намуданд. Хушбахтии миллати тоҷик аз ин даргоҳ сарчашма  мегирад, — идома дод Й. Қурбонов.

Дар синфхона мизе ҳаст, ки  Пешвои миллат овони мактабхонӣ паси он нишастаанд. Бо журнали синф, дастовардҳои айёми мактабхонӣ шинос шуда, либосҳои давраи хизмати ҳарбиашонро дидем.

«Ҳамду сано ба модаре, ки чунин абармард, фарзанди фарзонаи миллатро ба дунё оварда, ба камол расонд. Аҳсан ба омӯзгороне, ки роҳи чунин шогирдонро равшану  мунаввар менамоянд!» — изҳор доштанд омӯзгорону шогирдон пас аз тамошои осорхона.

Дар бозгашт чойхонаи хуштарҳи «Хуррамшаҳр»- ро тамошо кардем. Роҳбари Муассисаи таълимии «Нури Ирфон» Мавҷуда Ҳакимова аз хизматҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, таърихи бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва «Хатлон», неругоҳҳои барқи обӣ маълумоти ҷолиб ироа намуд. Дар маҷмӯъ, сафар барои хонандагон дарси хуби тарбиявӣ гардид.

 Мушаррафа ЗИЁЕВА,

рӯзноманигор

(Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум»)

Июнь 30, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад