«Шаш ҷамъи ду», «Вақти ғалберро аз об бардоштан расид» — шарҳи матбуот

Июнь 15, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии  «Ҷумҳурият» (12.06.2017,№123) гузориши муфассалро оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нашр кардааст. Дар мулоқот оид ба татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст мулоҳизаҳои судманд баён шудаанд. Пешвои миллат дар мавриди истифодаи боэътимод ва босамари имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзии Тоҷикистон муҳим будани ҳамкорӣ бо СММ-ро таъкид намуданд. Нашрия ҳамчунин вобаста ба ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар Душанбе зери унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» баргузор шуда буд, хабар нашр карда, матни суханронии Пешвои миллатро дар ҳамоиши мазкур пешкаши хонандагон намудааст. Дар маърӯзаи худ Сарвари давлати тоҷикон, аз ҷумла зикр кардаанд: «Дар Стратегияи миллии рушди мо, ба мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, тавсеаи имконоти коммуникатисонии кишвар, инчунин баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян гардидаанд».

Рубрикаи «Сухани рӯз»-и шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (13.06.2017,№124) гуфтаҳои Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро нисбат ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бар гирифтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ марвиди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шоистаи таҳсину қадрдонист». Дар саҳифаи дуюми нашрия ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаи Рустам Ваҳҳобзода таҳти унвони «Ваҳдат даъватест барои ҳама» чоп шудааст. Муаллиф дар таъбир ва тафсири оқилонаи маҳфуми «ваҳдат» таъкид кардааст: «Ваҳдат ҳосили пирӯзии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон бар ноогоҳӣ, фитна ва дахолати нохайрхоҳони дохиливу хориҷӣ, пирӯзӣ бар хостаҳои норавои худ, бар нодонӣ, такаббур, худхоҳӣ, бар эҳсоси адовати бесабаб мебошад ва барои расидан ба ин пирӯзӣ халқи тоҷик қурбониҳои зиёди моливу ҷонӣ дода, бо сабр ва хирадмандӣ ба он ноил гардидааст».

Дар саҳифаи сеюми нашрия бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақолаи профессор Абдусалом Миралиев дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки қабули қонуни мазкур на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон таҷрибаи комилан нав буда, аз тарафи кишварҳои дигари минтақа мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шудааст.

«Ҷумҳурият» (14.06.2017,№125) таассуроти фаромӯшнашавандаи Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро, ки ба Тоҷикистон сафар кардаву муъҷизаи табиӣ – кӯли дар олам беназири Сарезро бо чашмони худ дидаву дар оби он шино кардааст, зери сарлавҳаи «Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон бо табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад» нашр кардааст. Дар мақола омадааст: «Ҳангоми боздид аз табиати нотакрори кӯли Сарез, шиносоӣ аз имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Аз ин лиҳоз, ӯ иброз дошт, ки шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (15.06.2017,№71) оид ба машварати кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ хабари муфассал нашр кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар машварати мазкур Сарвари давлат ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти  қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ додаанд. Нашрияи «Садои мардум» оид ба кору фаъолияти вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Аҳрор Умаров мақола чоп карда, бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқоваро нашр намудааст.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм дар шумораи навбатӣ мақолаҳои «Вақти ғалберро аз об бардоштан расид», «Таълими забон такмил мехоҳад», «Эҷодкорӣ фазилати олист», «Усулҳои истифодаи луғат» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёту маром, муваффақиятҳо ва мушкилоти мактабҳои кишвар ва муассисаҳои олии мамлакатамон пешкаши хонандагон кардааст. Ҳафтанома ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаву мулоҳизаҳои муаллимони ҷумҳуриро чоп намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз сафари Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, мулоқотҳои сатҳи олӣ, сафар ба ВМКБ, боздид аз кӯли Сарез ва иштироки номбурда дар ҳамоиши «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» гузоришҳои муфассали матбуотӣ пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин хонандагони нашрия имкон доранд мақолаи Ҳ. Ализода «Киҳо «Хазинаи тиллоӣ» бошанд?»  ва навиштаҳои Солеҳ Юсуфро бо сарлавҳаи «Шаш ҷамъи ду» ва «Мавҷи террор ба Эрон расид» мутолиа кунанд.

                                                            Акрам САНГЗОДА

 

 

 

Июнь 15, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд